Натиҷаи ҷудочиёни тоҷик дар рӯзи сеюми "Dusseldorf Grand Slam 2020"

Комроншоҳ Устопириён (-90kg) дар даври якум рақиби эстонии худ -  Клен Кристофер Калюлайдро бо усули иппон  мағлуб намуда, дар даври дуюм аз ҷудочии Шведсия – Маркус Нейман шикаст хурд.

Сиротулло Икромов (-90kg) аз ҳарифи ӯзбекаш - Давлат БОБОНОВ бо иппон мағлуб шуд.

Саидҷалол Саидов (-100kg) ба Матиас Мадсен (Дания) рақобатро бохт.

Шакармамад Мирмамадов (+100kg) дар даври аввал бо осонӣ, рақиби худ, Мариа Иванлеаро (Ҷазираҳои Кюрасао) бо иппон мағлуб карда, дар даври дуюм бошад, боз ҳам бо иҷроиши иппон бар ноиб-чемпиони ҷаҳон, паҳлавони озорбойҷонӣ - Ушанги Кокаури пирӯз гардид.
Дар даври сеюм бо чемпиони ҷаҳон, ҷудочии гурҷӣ - Гурам Тушишвили рӯ ба рӯ шуда, бо дарёфти як вазари ва иппон мағлуб гашт.

Ҳамин тариқ, мусобиқаи «Тоскулоҳи бузурги Дюсселдорф 2020» барои ҷудочиёни тоҷик хотима ёфт.

Хотиррасон мешавем, ки Хуршед МАҶИДОВ (-100kg) бинобар ҷароҳат бардоштанаш, дар мусобиқаи мазкур иштирок карда натавонист.