Машқҳои дастаҷамъии ҷудочиёни тоҷик дар Дюсселдорф

Мунтахаби ҷудои кишвар, дар доираи омодагӣ ба мусобиқаи муҳташами "Rabat Grand Prix 2020", ки дар Марокаш шаҳри Рабат 6-ум ва 8-уми марти соли ҷорӣ баргузор мегардад, машқҳои дастаҷамъии худро дар шаҳри Дюсселдорфи Олмон бо доираи васеи ҷудочиёни беҳтарини сайёра идома дода истодаанд.
Ба гуфтаи мураббӣ Владимир Елчанинов, ки бо ҳайати мунтахаб дар Олмон қарор доранд, танҳо Шакармамад тавонист дар тамрин бар муқобили Ринери нотакрор истодагарӣ дар пой кунад ва наафтад аз партофташ. Ин ҳолатро шумо дар акс мушоҳида карда метавонед. Ҷудочии фаронсавӣ Тедди Ринер 2 карат Чемпиони олимпӣ , 11-карат Чемпиони ҷаҳон, 5-карат Чемпиони Аврупо, Чемпиони чандкаратаи Фаронса ба ҳисоб меравад.