Гран-прии Марокаш баргузор намегардад

Мусобиқаи Гран-прии Марокаш, ки мебоист рӯзҳои 6-8 март баргузор шавад, аммо бар асари хуруҷи бемории коронавирус лағв карда шуд. Дар ин бора сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо иттилоъ медиҳад.
"Мо бо таассуф ба шумо хабар медиҳем, ки бинобар хуруҷи бемории шадиди коронавирус ва паҳншавии ин беморӣ дар ҷаҳон, хусусан дар Марокаш, тасмим гирифтем, ки Гран-прии Марокашро лағв кунем. Қарори мазкур аз ҷобини ҳукумати Марокаш қабул карда шудааст", - гуфта мешавад дар сомонаи расмии IJF.
Рӯзи душанбеи 2-юми март, Вазорати тандурустии Марокаш аз нахустин мубталошудаи коронавирус дар кишвараш эълон кард. Маркази паҳншавии ин беморӣ кишвари Чин мебошад. Сироятшудагони коронавирус дар Чин аллакай ба 80 ҳазор нафар расидааст, ки аз ин шумора 3 ҳазорашон ҷони худро аз даст додаанд.