Машқҳои дастаҷамъонаи ҷудочиёни минтақаи Рашт

Ҷамоати деҳоти Тагобаи деҳаи Порвоғи н. Рашт барои баргузории машқҳои дастаҷамъонаи  паҳлавонони наврас мусоид буда, ҷиҳати   амалигардонии  омилҳои асосии пешрафти  гӯштини   ҷудо  дар овони  наврасӣ мусоидат  менамояд.   Маҳз ба ҳамин хотир  дастпарварони  Мактаби   маҳорати олии варзишӣ оид ба намудҳои гуштин  таҳти роҳбарии мураббии ҷавон  Рауф Ҳукуматов  макони   тамринҳои тобистонаи  худро дар ҳамин ҷо интихоб  карданд. 
Иқлиму табиати зебо, ҳавои соф,  чашмаҳои зулол ва  сабзаҳои муаттар барои наврасон бисёр писанд буда, онҳо  ҳамарӯза дар 2 баст машғули тамринанд.    Варзишгарон  субҳгоҳон   бештар бо   таҷҳизоти лозимаи  варзишӣ бадани худро  обу тоб дода,   сабқатҳои инфиродӣ ва азбарсозии   нозукии усулҳои маъмули ҷудоро болои гилем нимаи дуюми рӯз ба роҳ мондаанд.  Мураббиён мақсад доранд, ки ин иқдомро дар оянда низ роҳандозӣ карда,   фарогирии насли ояндаро  ба чунин    ҷамъомадҳои тамринӣ  ҳарчӣ бештар намоянд.  Ҳамчунин собиқ  паҳлавонони   ин минтақа  аз қабили  Ёрибек, Маҳмадсафо ва Ҷонибек Лоиқовҳо   дар   раванди  тамринҳо   ширкат   варзида, дар фурсатҳои зарурӣ таҷрибаи худро ба наврасон меомӯзонанд.