Машғулиятҳои омӯзишӣ бо устоди варзиш Мозандарон Сурхов

Мозандарон Сурхов мутахассиси гӯштини ҷудо зодаи Тоҷикистон буда, беш аз 25 соли охир аст, ки дар кишвари Қазоқистон умр ба сар мебарад. Мозандарон дорои як қатор клубҳои ҷудо буда, дар ин кишвар мактаби махсуси худро таъсис додааст, ки ба шогирдонаш нозукиҳои ин намуди варзиши зебои олимпипро меомузонад. Дар баробари омаданаш ба Тоҷикистон ин тоҷики муқими Қазоқистон  ба толори варзишии Обидов даъват шудааст ва барои паҳлавонон тамринҳои махсус аз намуди ҷудоро роҳандозӣ мекунад.

Мураббии саршиноси кишвар Садриддин Обидов мегуяд ҳарчанд беш аз 35 сол аст, ки ба тамрини ҷудо машғулам, аммо аз дигарон барои такмили дониши худ боз меомузам.

Тамринҳо бо тавсияҳои Мозандарон Сурхов дар ин толори варзишӣ 7 рӯз идома мекунад. Ба назари ин мутахассиси тоҷик, ки дар фаъолияти худ аз мактабҳои бузурги ҷудо дидан кардаву бо мураббиёни сатҳи ҷаҳонии ин намуди варзиш кор кардааст, гӯштингирони тоҷик низ нисбати тамоми усулҳои ҷудо маълумот доранд, аммо гап сари он аст, ки усулҳо то чӣ андоза дуруст ва бехато иҷро карда мешаванд.

Варзишгарони толори гӯштини Садриддин Обидов аз Мозандарон Сурхов барои тавсияҳои муҳим ва дареғ надоштани вақти қимати худ изҳори минтадорӣ намуданд. Тавре гуфта мешавад, ҳар як мураббӣ услуби махсуси тамринҳои худро дорад, ки зери назорату машғулиятҳои чунин нафарони кордон тамрин кардан, барои боз ҳам беҳтар аз худ кардани нозукиҳои усулҳои ҷудо муҳим аст. Ба ҳамин хотир иштирокчиёни машғулиятҳои варзишӣ ҳар як гуфтаву пешниҳоди мутахассиси кордонро бо диқат гӯш карда дар амал кӯшиш мекунанд, ки онро дурусту бехато иҷро намоянд.