Беҳтарин ҷудочиёни навраси пойтахт муайян шуданд

Дар Мактаби ҷумҳуриявии маҳораташ олии варзишӣ оид ба намудҳои таэквондо бо ташаббуси Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши Душанбе ва Федератсияи ҷудои кишвар  тӯли ду рӯз мусобиқаи шаҳрӣ    оид ба ҷудо байни наврасон ва ҷавонони  соли таваллудашон 2000 - 2003-юм баргузор гардид.

Дар мусобиқа  150 нафар  ҷудочӣ дар 8 вазн миёни ҳам рақобат карданд.

Дар вазни  73 кг  Масъуди Аҳмадзод  зинаи   якумро ва   Баҳриддин Каримов ҷойи дуюмро  касб карданд.

Дар вазни 66 кило Эмомалии Н. нишони тиллоро  соҳиб шуд. Тӯйчӣ Шарифов ғолиби вазни 81кг  шуда,  Ашуров Ҳ.   дар вазни 90 кило дастболо гардид.

Дар  вазни 100 кг Раҳмон Мансур барандаи нишони тилло шуд.
 
Медали тиллои вазни +100 кг бошад, насиби   Озодбек  Ҷумъаев гардид.