Ифтитоҳи толори варзишии «Саидмуъмин» дар ноҳияи Вахш

Дар ҷамоати шаҳраки   Кирови ноҳияи Вахш  толори варзишии “Саидмуъмин” ба фаъолият  шуруъ кард.

Дар расми   ифтитоҳии иншоот  роҳбарияти Мақомоти иҷроияи  ҳокимияти давлатии ноҳия, устодон,  собиқадорон, мураббиёни варзида ва  ҷаҳонпаҳлавон Беҳрӯзи Хоҷазода  ширкат намуданд.

Дар маросими ифтитоҳӣ    собиқадорону меҳмонони фахрӣ  ин омилро  воситаи асосии таҳкими саломатии  насли  наврасу ҷавон арзёбӣ  карданд.   Дар ҷараёни ҳамоиш ба ҷаҳонпаҳлавон   аз намуди самбо Беҳрӯзи Хоҷазода   дар “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” либосҳои суннатии ниёгон тақдим карда шуд.

Ин макони солимгардонӣ   бо  ташаббуси соҳибкори ватанӣ  Файзулло Ҳабибуллоев сохта  ба истифода дода шуд.  Толор дорои шароити хуби  тамрин барои наврасону ҷавонон   буда,    ба талаботи меъёрҳои кунунии амалисозии барномаҳои  мушаххаси намудҳои гӯштин мутобиқат мекунад.

Дар гӯшаи дигари  толор  таҷҳизоти   гуногуни  бадансозию солимгардонӣ насб  гардидааст, ки  дастпарварони   ин маркази  варзишӣ метавонанд, дар рӯзи махсуси тамрин  ба пуррагӣ аз онҳо  истифода  намоянд. Боздид аз тамрини аввалини машқҳои наврасон  собит кард, ки  муҳаббати   гӯштини  суннатӣ, ҷудою самбо дар миёни аҳолии шаҳраки Киров  бағоят зиёд аст.