Идомаи амалишавии лоиҳаи "Ҷудо дар мактабҳо" дар шаҳри Кӯлоб

Аз оғози соли ҷорӣ муҳассилини муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 40-и ҷамоъати деҳоти шаҳри Кӯлоб дар қатори дигар шаҳру навоҳии Тоҷикистон баъди таъмин гардиданд бо лавозимоти варзишӣ аз қабили татамии варзишии дзюдо ва либосҳои варзишии кимоно нозӯкиҳои ин риштаи варзиши олимпиро аз худ менамоянд. 

Беш аз 10 моҳ мешавад, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чаҳорчӯби Қарордоди баимзорасонидаи Федератсияи Байналмилалии Ҷудо, Федератсияи ҷудои Тоҷикистон, Кумитаи миллии олимпии  Тоҷикистон ва  Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру навоҳии мамлкат лоиҳаи муҳташам таҳти унвони "Ҷудо дар мактабҳо" роҳандозӣ гардидааст.

Новобаста ба як давраи танаффуси муваққатӣ машқу тамрини ин кӯдакону наврасон тибқи нақша идома ёфта онҳо алакай марҳилаи тайёрӣ ба машқу тамринро гузашта қадамҳои аввалинро ба машқи ккасбии ҷудо мегузоранд.

Тавре мураббӣ иттилоъ дод то як давраи муайян ин наврасон аз рӯи дастурамали таҳиягардидаи федератсияи Ҷудои Тоҷикистон машқҳои гимнастикӣ ва бозиҳои тактикиро омӯхта сипас ба машқҳои асосӣ ин риштаи варзиш гузаштанд. Мураббиёни соҳибтахассус муҳимияти амалишавии лоиҳаи мазкурро дар ҷалби наврасони хурдсол ба машқу тамрини ин риштаи гӯштин унвон карда таъкид доштанд, аз миёни ин варзишгарони наврас дар оянда натиҷаҳои дилхоҳ интизоранд.

Машқу тамрини наврасон дар доираи лоиҳаи мазкур басо ҷолибу шавқовар сурат гирифта масъулин мақсад доранд, ки бо чунин усул минбаъд дар дигар муассисаҳои варзишии минтақаи Кӯлоб тамринҳои наврасонро ба роҳ монда ба ин васила рушди намуди гуштини ҷудоро таъмин намоянд. Қисмате аз ин наврасон алакай дар самти омӯзиш ва аз худ намудани варзиши касбӣ ба хусус намуди олимпии Ҷудо бо шавқу рағбати хос ҳамарӯза ба ин толор меоянд. Бо усулҳои навтарини ҷаҳонӣ бароҳ мондани омӯзишӣ Ҷудо, ки аз бозиҳо ва амалу ҳаракатҳои гимнастикӣ иборат мебошад заминаи хуби тайёр намудани гӯштингиронро ба миён меоварад.
 
Барои баргузории мусобиқаҳо байни ин наврасон ҳанӯз вақт кофӣ буда ҳоло онҳо танҳо аз машқҳои аввалини гуштини Ҷудо гузашта истодаанд. Масъулини соҳа умед бар он доранд, ки бо фароҳам гардидани шароити муосири машқу тамрин барои кӯдакону наврасон имкониятҳои ташфиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим миёни ин қишри ҷомеъа боз ҳам бештар гардида ба ин васила дарёфти чеҳраҳои нави касбӣ фароҳам оварда мешавад.