Ғолибони рӯзи якуми Чемпионати Тоҷикистон муайян шуданд

Имрӯз, 13-уми ноябр дар Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обӣ дар шаҳри Душанбе Чемпионати Тоҷикистон оид ба ҷудо оғоз шуд. Нахуст шуда, рақобатҳо дар вазнҳои -60 ва -66 кг баргузор шуданд. 

Дар вазни -60кг рақобатҳо пуршиддат баргузор шуда, Сарвар АБДУШУКУРОВ ва Абумуслим ҚАЮМЗОДА ба даври финалӣ роҳ ёфтанд. Дар ин қувваозмоӣ Қаюмзода АБУМУСЛИМ пирӯз шуда, дар вазни -60кг унвони қаҳрамони Тоҷикистонро дар соли 2020 соҳиб гардид.

Дар ин вазн, медалҳои биринҷиро Муҳаммадсолеҳ ҚУВВАТОВ ва Саъдӣ  СОБИРЗДА соҳиб шуданд. 

Дар вазни -66кг низ сабқатҳо ҷолибу диданӣ сурат гирифтанд, ки дар финали вазни зикршуда, Раҷабов Муҳаммадисо бо Суфиев Баҳром рақобат намуданд. Дар ин набард Баҳром СУФИЕВ комёб шуда, соҳибиби медали тиллои вазни -66 кг гардид.

Медалҳои биринҷии ин вазн насиби Масъуди АҲМАДЗОД ва   Фурқат МУБОРАКҚАДАМОВ шуданд.

Ёдовар мешавем, ки фардо 14-уми ноябр рақобатҳо дар вазнҳои -73кг ва 81-кг баргузор мешаванд. Мухлисон имкон доранд, ки  рақобатҳои мазкурро мустақиман тавассути шабакаҳоии телевизионии «Варзиш» ва «Футбол», инчунин тариқи YouTube-каналҳои «VarzishTV» ва «VarzishtvNews» тамошо намоянд.



Bernadette
Bernadette от 23 ноября 2020 05:51
Your website/domain name: WWW.judo.tj This announcement ENDS ON: Nov 22, 2020!. We have actually not gotten a settlement from you. We've tried to call you yet were unable to reach you. Please Browse Through: https://cutt.ly/QhtYKLe For details and to make a optional payment for domain service. 11222020185124643378972267964485347894