Натиҷаҳои рӯзи дуюми Чемпионати Тоҷикистон
Рақобатҳои рӯзи дуюми Чемпионати Тоҷикистон оид ба ҷудо дар вазнҳои -73кг, -81кг ва -90кг ҷолибу диданӣ баргузор шуданд.
Дар вазни -73кг ду ҷудочӣ - Муҳаммадшариф НАҶМИДДИНОВ ва Қоим ШУКРОНОВ ба финали мусобиқа роҳхат гирифтанд. НАҶМИДДИНОВ барои баромадан ба даври ниҳоӣ Маҳмадамин ЭРНАЗАРОВ, Субҳиддин ХАЛИЛЗОДА, Муҳаммадиқбол ТОШЕВ ва Наврӯз КАРИМЗОДаро мағлуб кард. Қоим ШУКРОНОВ бошад, бар ҳарифонаш Алишер АСОЕВ, Қурбоналӣ БОЗОРОВ, Алӣ БОҚИЕВ ва Баҳриддин КАРИМОВ комёб шуд.
Дар рақобати асосӣ Муҳаммадшариф НАҶМИДДИНОВ бо ба даст овардани як имтиёзи вазарӣ ғолиб омада, қаҳрамони вазни 73кг Чемпионати Тоҷикистон гардид.
Зинаҳои сеюмро бошад, Муҳаммадиқбол ТОШЕВ ва Алӣ БОҚИЕВ соҳиб шуданд.
Дар вазни -81 кг диққати тамоми тамошобинонро рақобати ду ҷудочии муваффақ ва шинохтаи кишвар - Ҳақназар НАЗАРОВ ва Оламафрӯз АБДУРАҲМОНОВ ба худ ҷалб намуданд.
Ҳақназар НАЗАРОВ пас аз чор пирӯзӣ роҳ сӯи финал пеш гирифт. Ӯ то баромадан ба финал аз сари роҳаш - Туйчибек ШАРИПОВ, Мақсад ЗОДОВ, Ҳамроз РАҶАБОВ ва Саидмухтор РАСУЛОВро дур кард.
Оламафрӯз АБДУРАҲМОНОВ низ ба монанди Ҳақназар бар чор рақибаш (Дилолишо АЛОВАТШОЕВ, Саидшо РАҲМАТУЛЛОЕВ, Расул САИДОВ, Амирҳамза ИСЛОМОВ) комёб шуда, ба финал роҳ ёфт.
Дар финали ин вазн Ҳақназар НАЗАРОВ бо ду имтиёзи вазарӣ ҳарифи худро мағлуб карда, барандаи медали тилло гардид.
Медалҳои биринҷиро Ҳамроз РАҶАБОВ ва Умар РАСУЛОВ ба даст оварданд.
Дар нерусанҷии нимниҳоии вазни -90кг Улуғбек РАҲИМОВ ва Ҷаҳонгир МАҶИДОВ - ду ҷудокори машҳури кишвар ба майдон баромаданд. Дар нимаҳои вақти дода шуда, Ҷаҳонгир МАҶИДОВ тавонист Улуғбекро ба тахтаи пушт зада роҳхати рақобати даври ниҳоиро ба даст овард.
Сипас Саидҷамол АЛИМАРДОНОВ бо Комрон КАРЛИКОВ барои баромадан ба финали вазни 90кг неру санҷиданд. Дар дақиқаи оғози ни рақобат Саидҷамол АЛИМАРДОНОВ бо иҷрои усуле як имтиёзи вазарӣ гирифта пешсаф шуд, аммо ниҳоятан Комрон КАРЛИКОВ бо усули иппон ҳарифи худро мағлуб карда ба финал роҳ ёфт.
Дар қуваозмоии финалӣ Комрон КАРЛИКОВ бо гирифтани се шидо мағлуб гардид. Ҳамин тариқ Ҷаҳонгир МАҶИДОВ қаҳрамони Тоҷикистон дар вазни -90кг гашт.
Нишонҳои биринҷиро дар ин вазн Сабрулло ҲИКМАТУЛЛОЕВ ва Исроил РАҲИМОВ моли худ намуд.