Рақибони ҷудокорони тоҷик дар «Мастерс»-и Доҳа маълум шуданд

Имрӯз дар шаҳри Доҳаи Қатар қуръакашии мусобиқаи Doha Masters 2021 баргузор гардид, ки дар натиҷаи он рақибони ҷудочиёни тоҷик муайян шуданд.

Сомон МАҲМАДБЕКОВ (-73kg) бо ғолиби Гран-Прии Будапешт-2019, ҷудочии косовӣ - Акил ГЯКОВ рӯи татами мебарояд.

Беҳрӯз ХОҶАЗОДА (-73kg) бошад, бо рақиби пурқувват – Қаҳрамони Аврупо дар соли 2020 -  Виктор СТЕРПУи молдовиягӣ рӯ ба рӯ мешавад.
Зимнан, ХОҶАЗОДА соли 2019 дар Гранд Слеми Екатеринбург бар ҳарифи молдовиягиаш дастболо шуда буд.

Темур РАҲИМОВ дар вазни +100kg бо ҷудокори австриягӣ – Штефан ХЕГИ қувваозмоӣ мекунад.
Бояд қайд намуд, ки Темур соли 2019 дар мусобиқаи «Тсиндао Мастерс» ин ҳарифи австриягии худро шикаст дода буд.

Хотиррасон мешавем, ки баргузории мусобиқа аз санаи 11 то 13-уми январ дар назар аст.