"Мастерс"-и Доҳа барои Сомону Беҳрӯз хотима ёфт

Дар шаҳри Доҳаи Қатар мусобиқаи Doha Masters 2021 ҷараён дорад.

Нахӯстин нафаре, ки аз миёни варзишгарони тоҷик дар дуюмин рӯз ба майдон баромад Сомон МАҲМАДБЕКОВ (-73kg) буд, ки бо қаҳрамони Гран-Прии Будапешт-2019 - Акил ГЯКОВА рӯи татами баромад.

Ин ду варзишгар дар вақти асосӣ имтиёзе аз ҳамдигар касб накарданду Сомон ду танбеҳ дошт. Дар «голден скор» ҷудокори Косова бо иҷроиши усули «суми-гаэши» имтиёзи тиллоии вазариро касб намуда, Сомонро аз идомаи рақобат маҳрум кард.

Беҳрӯз ХОҶАЗОДА (-73kg) бошад бо Қаҳрамони Аврупо-2020 - Виктор СТЕРПУ неру санҷид. Ҷудочии молдовиягӣ бо «шимэ-ваза» имтиёзи иппонро ба даст оварда, Беҳрӯзро ба даври  дуюм роҳ надод.

Фардо, 13-уми Январ, Темур РАҲИМОВ дар вазни +100 барои касби мақоми ифтихорӣ талош хоҳад кард.