Аввалин ғалабаи ҷудокори тоҷик дар «Мастерс»

Варзишгари сангинвазни тоҷик Темур РАҲИМОВ (+100kg) дар аввалин рақобаташ дар «Мастерс»-и Доҳа ба пирӯзӣ даст ёфт.

Ӯ ҳарифаш аз кишвари Австрия – Штефан ХЕГИро дар «голден-скор» бо иҷрои «окури-аши» шикаст дод.

Дар даври дуюм Ор САССОН аз кишвари Исроил ҳарифи ин ҷудокори тоҷик мешавад.