Истиқболи Темур дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе

Дар кишвари Қатар дар мусобиқаи "Doha Masters 2021" беҳтаринҳои ҷудои ҷаҳон аз ҷумла се варзишгари тоҷик вориди майдони рақобат шуданд, ки аз миёни ҷудокорони кишварамон Темур Раҳимов пас аз шикаст додани се варзишгари маъруфи ҷаҳон дар миёни сангинвазнҳо барои касби медали биринҷӣ вориди майдони рақобат шуд.
У соҳиби медал нашуда бошад ҳам дар панҷгонаи беҳтарин шомил гардид ва дар остонаи бозиҳои олимпӣ бо 648 имтиёзи олимпии бисёр муҳим, ба ватан баргашт. Ин ҳам дар ҳолест, ки агар Доҳа Мастерс чемпионати ҷаҳон ҳам набошад дар нерусанҷиҳо дар сатҳ ва ҳадди чемпионати ҷаҳон қарор дошт.

Чун у дар сатҳи ҷаҳон Тоҷикистонро арзанда намояндагӣ карда дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе ҳам аз у истиқболи арзанда сурат гирифт. Масъулон ва мухлисони варзиш уро бо гулдастаҳо пешвоз гирифта иброз доштанд   дар мусобиқаҳои мастерс дар миёни сангинвазнҳо  то кунун чунин натиҷаро касе ба даст наоварда аст.

Темур бе медал аммо бо имтиёзҳои муҳим ба ватан баргашт, ки барои дарёфти роҳхати олимпӣ ба Токио бисёр кӯмак мекунад. чуноне ки худаш иброз дошт ба ин мусобиқа омодагии хуб дида буд ва орзуяш ҳам касби ифтихор барои кишвараш дар бозиҳои олимпӣ аст.