Давид ГАБАИДЗЕ - мураббии нави бошгоҳи “Ҳоҷӣ Шариф”

Бошгоҳи ҷудои “Ҳоҷӣ Шариф” дар гузашта таҷрибаи ҷалби мураббиёни хориҷиро дошта бо таваҷҷуҳ ба манфиати он, ҷиҳати беҳтар кардани маҳорати дастпарварони ин бошгоҳ аз хориҷи кишвар мураббӣ даъват кардааст.

Ин мутахассиси риштаи ҷудо аз кишвари Россия - Давид ГАБАИДЗЕ мебошад.

Шартнома бо Давид ГАБАИДЗЕ ба муддати ду сол баста шуда, имкони тамдиди он дар оянда вуҷуд дорад.
ГАБАИДЗЕ аз ҳаштсолагӣ ба ҷудо машғул шуда, худ низ ҷоизадори Ҷоми Кушоди Аврупо-2018 дар Минск ва Мусобиқаи Кушоди Осиё-2019 дар Гонконг мебошаду таҷрибаи хуб аз мактаби мураббиёни ҷопонӣ ва муғулистонӣ  касб кардааст, ки метавонад онро бо дастпарварони ин бошгоҳ дар миён бигзорад.
- иброз доштанд масъулони бошгоҳ.