Семинари омӯзишӣ дар шаҳри Бохтар

Дар маркази вилояти Хатлон, шаҳри Бохтар  бо иштироки масъулин ва устодони  гӯштини ҷудо семинари омӯзишӣ миёни як қатор мураббиён ва варзишгарон доир гардид.

Баҳри боз  ҳам ривоҷу равнақ ва дарёфти ҷудочиёни бомаҳорат аз ҷониби Федератсияи ҷудои мамлакат тадбирҳои лозима андешида мешавад.

Чунин як кори омузишию амалӣ миёни варзишгарон ва мураббиёни чудои минтақа бо иштироки  мураббии тими мунтахаб – Владимир Елчанинов ва довари дараҷаи байналмилалӣ  - Рамзӣ Шамиров дар толори варзишии Литсеи №1-и шаҳри Бохтар баргузор гардид.
 
Дар ин чорабинӣ ба иштирокчиён тарзу усул ва нозукиҳои ҷудоро бори дигар омузониданд, то ин ки дар рафти мусобиқа ва доварӣ кардан ба хатогиҳо роҳ надиҳанд.

Ёдовар бояд шуд, ки баҳри боз ҳам баланд бардоштани савияи дониши мураббиён ва варзишгарон аз ҷониби устодони гӯштини ҷудо чунин чорабинии бозомӯзӣ дар дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ низ баргузор карда мешавад.