Ҷудо - саргармӣ ва мояи ифтихор

«Ҷудо», варзише, ки дар баробари футбол исми кишварҳоро ба ҷаҳониён муаррифӣ мекунад. Василае, ки миллионҳо наврасу ҷавони ҷаҳонро дар рӯҳияи ахлоқи ҳамидаи инсонӣ ва роҳу равиши зиндагӣ тарбият мекунад. Бо такя ба омор ва назарпурсиҳо муқаррар муайян намудааст, ки ин навъи гӯштин дар миёни варзишҳои паҳлавонӣ дар кишвари мо маъруфу машҳуртар мебошад. Чаро ки гӯштини ҷудо ба иқрори коршиносон унсурҳои зиёдеро аз гӯштини миллии тоҷикӣ вом гирифтааст. Мардуми варзишпарвари тоҷик бо эътино ба ҳамин воқеъият ба ин намуди варзиши ҷопонӣ ҳамчун ба моли худ арҷ мегузоранд ва дӯсташ медоранд. Агарчӣ, ҷудо дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ зери сояи гӯштини самбо буд, вале бо мурури замон бо ҳидояти бунёдгузоронаш соли 1964 дар Токио ба барномаи Бозиҳои олимпӣ шомил шуд. Аввалин дастоварди шоёни паҳлавонони тоҷик аз ин риштаи варзиш медали биринҷии Хайрулло Назриев буд, ки дар “Бозиҳои осиёӣ” соли 1994 дар  шаҳри Хиросимаи кишвари Ҷопон рақам хурд. Ҷудо яке аз гӯштинҳои маъмулу дӯстдоштании ҷавонони тоҷик ба ҳисоб меравад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ таҳти роҳбарии оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри рушду ривоҷи он тадбиру барномаҳои мушаххасро андешида, пуштибонии ҳамвораро роиҷу раво мешуморанд. Аз ҷумла Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ подошҳои арзишманди молиявӣ ва идрорпулиро ба таркиб дорад. Маҳз ҳамин пуштибонии Сарвари давлат аст, ки ҷудочиёни тоҷик солҳои ахир дар маъракаҳои муҳташамтарини сатҳи минтақавию байналмилалӣ аз кишвари мо ба таври арзанда намояндагӣ мекуннл. Солҳои пеш ин намуди гӯштинро дар Тоҷикистон ҳамагон “дзюдо” ном мебурданд. Тайи се-чор соли охир бо ҳидояти дастандаркорон исми “дзюдо” ба асли хеш баргашт ва дар миёни гӯяндагони телевизиону мутахассисони соҳа бо номи ҷудо ном бурда мешавад. Ҳарчанд гӯштини миллии тоҷикӣ вориди бозиҳои олимпӣ нест, аммо дар кишвари мо дар тӯю маъракаҳо ва ҷашнҳои миллӣ мусобиқаҳо оид ба гӯштини миллӣ доир мешаванд ва миёни мардум маҳбубияти хоса дорад.

Чеҳраҳои шинохтаи варзиш дар даврони истиқлолият бо маҳорату малака ва дастовардҳои чашмрас ҷудоро миёни ҷавонони тоҷик пурра ва боз ҳам маҳбубтар карданд. Намунаи яке аз онҳо Расул Боқиев буд. Расул ҷудоро мисли оне, ки шодравон Саидмуъмин Раҳимов самборо муаррифӣ намуд, ба хурду бузург шиносонд. Расул Боқиев аз аввалин ҷудоварзоне буд, ки бо маҳорати шоистаи худ дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон дар Рио-де-Жанейрои Бразилия соли 2007 мақоми сеюмро касб намуд ва аввалин нишони биринҷии ин мусобиқаи ҷаҳониро ба Тоҷикистон овард. Равишу маҳорате, ки Расул дар ин мусобиқа нишон дод, дар баробари муаррифии ҷудои тоҷик дар қатори ситорагони ҷудои ҷаҳонӣ муаррифӣ гардид. Баъди ин мусобиқа ВАО-и варзишии ҷаҳон сари маҳорати паҳлавони тоҷик ҳарф мезаданд. Қаблтар аз он, ҳамон тавре, ки болотар зикр кардем варзишгарони тоҷик соли 1994 дар Бозиҳои Осиё ҳунарнамоӣ карданд. Дар ин мусобиқа ҷудокори тоҷик Хайрулло Назриев соҳиби медали биринҷӣ гардид, ки онро метавон аввалин медали Бозиҳои осиёии мардуми тоҷик дар замони соҳибистиқлолӣ арзёбӣ намуд. Баъдан, соли 1995 чемпионати Осиё, ки дар шаҳри Деҳлии Ҳиндустон баргузор гардид, тими ҷудокорони тоҷик иштирок намуда, соҳиби ду медали биринҷӣ гардиданд. Дар миёни сангинвазнҳо Саидаҳтам Раҳимов ва дар вазни мутлақ Нурулло Лоиқов медалҳои биринҷиро ба гардан овехтанд.  Ҷудокорони тоҷик дар замони соҳибистиқлолии кишвар аввалин роҳхати Бозиҳои олимпӣ, аввалин медали Бозиҳои Осиё ва аввалин медали Олимпиадаро ба даст овардаанд, ки барои ҳар як ҷудокор ифтихор аст. Аввалин роҳхатҳои олимпиро дар замони истиқлолият соли 1995 варзишгарони тоҷик дар чемпионати Осиё; Сайидаҳтам Раҳимов, Хайрулло Назриев ва Рустам Боқиев ба даст оварданд ва аввалин медали олимпиро соли 2008 Расул Боқиев аз Бозиҳои олимпии Пекин ба Тоҷикистон овард. Ба хотири ҷудокорони тоҷик давоми 29 соли соҳибистиқлолӣ дар мусобиқаҳои байналмилалӣ Парчами давлатии Тоҷикистон борҳо парафшону Суруди миллӣ танинандоз гардидааст.
 
Ҳамчунин варзишгари дигари тоҷик Комроншоҳи Устопириён низ ба дастовардҳои шоёни таҳсин ноил гардидааст:
- Қаҳрамони Осиё, Тошканд-2016 ва 2017
- ҷои аввал дар Гран-прии Остона (Қазоқистон, 2014), Тошканд-2017, Анталия-2017.
Инчунин дар замони соҳибистиқлолӣ як зумра дастовардҳое ба ифтихороти паҳлавони тоҷик афзуд, ки саҳифае тозаеро дар таърихи варзиши кишвар рақам заданд. Мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон, ки миёни ҷавонон (U-21) дар Марокаш баргузор гардида буд, Сомон Маҳмадбеков сазовори медали тилло чемпионати ҷаҳон гардида, унвони қаҳрамони ҷаҳонро миёни ҷавонон сазовор шуд. Дар таърихи дзюдои кишвар ин аввалин медали тиллои варзишгарони тоҷик дар ҳаман синну сол аз чемпионати ҷаҳон оид ба ҷудо маҳсуб меёбад.

Аз қадим мардуми тоҷик дӯстдори гӯштин буду аст. Таҳкурсии ҷудо гӯштини миллии тоҷикӣ аст. Тамоми мусобиқаҳое, ки дар ҷашни Наврӯз аз намуди гӯштини тоҷикӣ баргузор мешаванд, ҷудокорони мо иштирок мекунанд ва барои мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ пурра обутоб меёбанд. Дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар гӯштин дар ҳоли рушду тавсеа аст. Толорҳои тамрини ҷудо пур аз чеҳраҳое ҳастанд, ки дар оянда бо маҳорату малакаи худ ҷудои тоҷикро дар арсаи байналмилалӣ аз ин ҳам зиёд муаррифӣ хоҳанд кард.