Натиҷаи қуръакашии Tel Aviv Grand Slam 2021

Бар асоси қуръакашии мусобиқаи Tel Aviv Grand Slam, ки имрӯз дар шаҳри Тел-Авиви Исроил баргузор шуд, рақибони паҳлавонони тоҷик дар марҳилаи муқаддамотӣ маълум шуданд.

Дар рӯзи дуюми мусобиқа Сомон МАҲМАДБЕКОВ (-73кг) бо ғолиби ҷуфти   Рока Салвадор КАСЕС (Испания) - СТОДОЛСКИ Адам (Полша), Беҳрӯзи ХОҶАЗОДА (-73кг)  бо ҷудокори ӯзбек – Ҷалолиддин БОЙНАЗАРОВ, ва Акмал МУРОДОВ (-81кг) бо Александр ВЕЧЕРЗАК (Олмон) қувваозмоӣ мекунанд.

Дар рӯзи охири мусобиқа, Комроншоҳ УСТОПИРИЁН (-90кг) бо Юто ВИЛЛАР-ГАЛАРРЕТО (Перу), Темур РАҲИМОВ бо Ерасл КАЖИБАЕВ (Қазоқистон) ва Шакармамад МИРМАМАДОВ бо Наор ИТАҲ (Исроил) рӯи татами мебароянд.

Баргузории мусобиқа аз санаи 18 то 20-уми феврал дар назар аст.



-73kg   -81kg   -90kg   +100kg