Мусобиқаи Paris Grand Slam 2021 лағв шуд

Яке аз бонуфузтарин мусобиқаҳои Гран Слэм оид ба ҷудо, ки ҳамасола дар пойтахти Фаронса шаҳри Париж сурат мегирифт, имсол эҳтимол аз моҳи май бо моҳи октябр гузаронида шавад.

Тибқи нақшаи аввалия мусобиқа мебоист рӯзҳои 8 ва 9-уми майи соли 2021 баргузор гардад, аммо бо сабаби сари вақт пешниҳод нашудани ҳуҷҷатҳои зарурии кумитаи тадорукоти Федератсияи ҷудои Фаронса ба Федератсияи ҷаҳонии ҷудо (IJF) ин ниҳоди танзимкунандаи мусобиқаҳо, ҳуқуқи барпо кардани Гранд Слэмро ба шаҳри Қазони Русия доданд.

Айни замон роҳбари нави Федератсияи ҷудои Фаронса - Стефан Номис бо Президенти IJF - Мариус Визер вохӯрд ва ин масъаларо мавриди баррасӣ қарор дод.

Визер ваъда дод, ки сар аз соли 2022 Гран Слэми Париж боз ҳам дар вақту санаи пешина баргузор мегардад.