Tashkent Grand Slam 2021: Мақоми панҷуми Шаҳбоз САИДАБУРОРОВ ва натиҷаҳои дигари рӯзи якум


Дар шаҳри Тошканди Ӯзбекистон мусобиқаи Tashkent Grand Slam 2021 ҷараён дорад. Дар рӯзи аввали мусобиқа чаҳор ҷудокори кишвар ба сабқат шурӯъ намуданд.

Абумуслим ҚАЮМЗОДА (-60кг) дар даври аввал озод буда, дар даври дуюм  рақобатро ба ҷудокори турк – Салиҳ ЙЛДЗ бо имтиёзи иппон бохт.

Шаҳбоз САИДАБУРОРОВ (-60кг) низ дар даври нахуст озод буд. Дар даври дуюм ҳарифи Шаҳбоз - варзишгари Булғористон - Янислав ГЕРЧЕВ бо гирифтани се «шидо» мағлуб шуда, аз идомаи сабқат маҳрум шуд.

Рақиби Шаҳбоз дар даври сеюм Артем КОЛАСАУ аз кишвари Белорус низ бо дарёфти се шидо ноком шуд.

Дар чорякниҳоӣ аз ҷудокори Озарбойҷон – Каромат ҲУСЕЙНОВ бо дарёфти се шидо шикаст хурд.

Дар даври тассалобахш дар «голден скор» Шаҳбоз бар ҳарифи пурқуввати гурҷияш – Ҷаба ПАПИНАШВИЛИ дастболо шуда, ба марҳилаи ниҳоии мусобиқа роҳ ёфт.

Ҳамин тариқ барои дарёфти медали биринҷии ин чорабинии бонуфуз Шаҳбоз  бо намояндаи кишвари мизбон - Кемран НУРУЛЛОЕВ рӯ ба рӯ шуд. 
Мутаассифона, дар ин рақобати ҳалкунанда Шаҳбоз бо дарёфти се шидо шикаст хурд ва мақоми панҷумро соҳиб шуд.

Тибқи низомномаи мусобиқаи «Гранд Слэм» ба нафаре, ки ҷои 5-умро ишғол мекунад, 360 имтиёз дода мешавад.


Final Results -60kg
1. NAGAYAMA, Ryuju (JPN)
2. SMETOV, Yeldos (KAZ)
3. MKHEIDZE, Luka (FRA)
3. NURILLAEV, Kemran (UZB)
5. HUSEYNOV, Karamat (AZE)
5. SAIDABUROROV, Shahboz (TJK)
7. PAPINASHVILI, Jaba (GEO)
7. VERSTRAETEN, Jorre (BEL)

Баҳром СУФИЕВ (-66кг), ки бори аввал дар мусобиқаи сатҳи байналмилалӣ иштирок мекунад, дар даври якум дар  «голден скор» аз ҷудочии Ирландия - Бернс НАТОН бо усули «де-аши-барай» мағлуб шуд.

Алиҷон САФАРАЛИЕВ (-66кг) дар даври якум озод буда, дар даври дуюм бо дарёфти ду «ваза-ари» аз Дмитрий МИНКОВ-и белорусӣ шикаст хурд.

Final Results
1. AN, Baul (KOR)
2. YONDONPERENLEI, Baskhuu (MGL)
3. GRIGORYAN, Aram (RUS)
3. NURILLAEV, Sardor (UZB)
5. KIM, Limhwan (KOR)
5. SERIKZHANOV, Yerlan (KAZ)
7. GANBOLD, Kherlen (MGL)
7. POLIAK, Matej (SVK)


Фардо, 6-уми март миёни бонувон - Шоҳида ҚАЛАНДАРОВА (-63кг), миёни мардон – Сомон МАҲМАДБЕКОВ (-73кг), Акмал МУРОДОВ ва Ҳақназар НАЗАРОВ (ҳарду дар вазни -81кг) нерӯсанҷӣ мекунанд.