Натиҷаҳои ҷудочиёни тоҷик дар рӯзи дуюми Tashkent Grand Slam 2021

Дар рӯзи дуюми мусобиқаи Tashkent Grand Slam 2021 Тоҷикистонро чор ҷудочӣ намояндагӣ карданд.

Акмал Муродов (-81кг) дар даври аввал бо баҳогузории иппон аз варзишгари Қазоқистон – Дидар ҲАМЗА мағлуб шуд.

Ҳақназар НАЗАРОВ (-81кг) дар даври якум бо паҳлавони гурҷӣ – Георгий ШЕРАЗАДАШВИЛИ қувваозмоӣ кард. Дар вақти асосии рақобат ҳеҷ кадоме ғолиб наомада, аз якдигар танҳо як имтиёзӣ (ваза-ари) ситониданд. Ниҳоятан, дар “голден скор” Ҳақназар зиддиусулеро то охир анҷом дода, имтиёзи тиллоии “ваза-ари”-ро касб намуд ва ба даври минбаъда роҳ ёфт.

Дар даври дуюм бар рақибаш аз Руминия - Марсел СЕРСЕА бо иҷрои усули “ягура-нагэ” пирӯз шуд.

Мутаассифона, дар даври сеюм аз ҳарифи пурзӯри ҷопонӣ, ҷоизадори Бозиҳои олимпии Рио-2016 ва шаш карат қаҳрамони сабқатҳои Гранд Слэм – Таканори НАГАСЕ бо иппон мағлуб гашт.


Final Results (-81kg)
1. PARLATI, Christian (ITA)
2. BOLTABOEV, Sharofiddin (UZB)
3. CHOUCHI, Sami (BEL)
3. NAGASE, Takanori (JPN)
5. CASSE, Matthias (BEL)
5. IVANOV, Ivaylo (BUL)
7. BOBOEV, Giyosjon (UZB)
7. NYAMSUREN, Dagvasuren (MGL)


Сомон МАҲМАДБЕКОВ (-73кг), ки дар даври нахуст озод буд, дар даври дуюм аз Евгений ПРОКОПЧУК-и рус бо ду “ваза-ари” шикаст хурд ва аз идомаи сабқатҳо бенасиб шуд.
Final Results (-73kg)
1. TSEND-OCHIR, Tsogtbaatar (MGL)
2. SMAGULOV, Zhansay (KAZ)
3. KARAPETIAN, Ferdinand (ARM)
3. ORUJOV, Rustam (AZE)
5. CHAINE, Guillaume (FRA)
5. NOMONOV, Obidkhon (UZB)
7. PROKOPCHUK, Evgenii (RUS)
7. YULDOSHEV, Murodjon (UZB)


Миёни бонувон Шоҳида ҚАЛАНДАРОВА (-63кг)  дар даври аввал озод буда, рақобатро дар даври дуюм бо намояндаи Кореяи Ҷанубӣ - Ҳи-Ҷу ҲАН баргузор кард. Ҷудокори кореягӣ дар сонияҳои охири вақти асосӣ Шоҳидаро дар ҳолати “осаекоми” нигоҳ дошта, имтиёзи иппонро касб намуд ва варзишгарбонуи тоҷикро аз идомаи рақобатҳо маҳрум кард.

Final Results
1. TASHIRO, Miku (JPN)
2. LESKI, Andreja (SLO)
3. BARRIOS, Anriquelis (VEN)
3. LIVESEY, Amy (GBR)
5. BOLD, Gankhaich (MGL)
5. DAVYDOVA, Daria (RUS)
7. SHARIR, Gili (ISR)
7. VALKOVA, Ekaterina (RUS)


Ёдовар мешавем, ки фардо - дар рӯзи охири мусобиқа Амирҷони НАСИМҶОН, Комроншоҳ УСТОПИРИЁН (ҳарду дар вазни -90кг), Саидҷалол САИДОВ, Мансур РАҲМОН (ҳарду дар вазни -100кг), Темур РАҲИМОВ ва Шакармамад МИРМАМАДОВ (ҳарду дар вазни +100кг) баромад мекунанд.