Ҳайати ҷудочиёни тоҷик барои иштирок дар Antalya Grand Slam 2021


Ҳайати мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар мусобиқаи Antalya Grand Slam 2021, ки рӯзҳои 1-3 апрели  соли ҷорӣ дар шаҳри Анталяи Туркия доир мегардад, муайян шуд.

Тоҷикистонро дар мусобиқаи мазкур Шаҳбоз САИДАБУОРОВ (-60кг), Комроншоҳ УСТОПИРИЁН (-90кг) ва Темур РАҲИМОВ (+100кг) муаррифӣ мекунанд.

Тақвими рақобатҳо:

Рӯзи якум (1-уми апрел):
Занон: -48, -52, -57kg;    Мардон: -60, -66kg

Рӯзи дуюм (2-юми апрел):
Занон: -63, -70kg;   Мардон: -73, -81kg

Рӯзи сеюм (3-юми апрел):
Занон: -78, +78kg;   Мардон: -90, -100, +100kg
 
Дар мусобиқа иштироки 501 варзишгар аз 96 давлати дунё дар назар аст.