Ҳайати ниҳоии тими Тоҷикистон дар «Қаҳрамонии Осиё-Уқёнусия 2021»
Шуруъ аз 6 то 9-уми апрели соли равон дар шаҳри Бишкеки ҳамсоякишвари Қирғизистон Asia-Oceania Senior Championships 2021 доир мегардад, ки дар он 11 ҷудочии кишвар (8 мард ва 3 зан) ширкат меварзад.
Беҳрӯз ХОҶАЗОДА (-73кг) ва Шакармамад МИРМАМАДОВ (+100кг) бинобар сабаби осеб доштанашон, дар мусобиқаи мазкур иштирок намекунанд. Инчунин, Шаҳбоз САИДАБУРОРОВ (-60кг) бо сабаби нотобиаш аз иштирок дар ин мусобиқа даст кашид.
Дар қатори варзишгарон довари дараҷаи байналмилалӣ – Рамзӣ Шамиров низ Тоҷикистонро дар қаҳрамонии Осиё муаррифӣ мекунад.
Ҳайати ниҳоии мунтахаб:
Вазн: | Иштирокчӣ: |
---|---|
-48kg | Шукрона КАРЧИЕВА |
-52kg | Аҳлия МӮЪМИНОВА |
-52kg | Фазилат ГУЛБОЕВА |
-73kg | Сомон МАҲМАДБЕКОВ |
-81kg | Акмал МУРОДОВ |
-81kg | Ҳақназар НАЗАРОВ |
-90kg | Комроншоҳ УСТОПИРИЁН |
-90kg | Ҷаҳонгир МАҶИДОВ |
-100kg | Мансур РАҲМОН |
+100kg | Темур РАҲИМОВ |
+100kg | Хуршед МАҶИДОВ |
Барномаи баргузории мусобиқа:
5-уми апрел:
Қуръакашӣ
Оғоз: 14:00
Рӯзи якум (6-уми апрел):
Оғоз: 10:00
Марҳилаи ниҳоӣ: 16:00-18:00
Занон: -48kg, -52kg, -57kg
Мардон: -60, -66kg
Рӯзи дуюм (7-уми апрел):
Оғоз: 11:00
Марҳилаи ниҳоӣ: 16:00-18:00
Занон: -63, -70kg;
Мардон: -73, -81kg
Рӯзи сеюм (8-уми апрел):
Оғоз: 11:00
Марҳилаи ниҳоӣ: 16:00-18:00
Занон: -78, +78kg
Мардон: -90, -100, +100kg
Рӯзи чорум (9-уми апрел):
Оғоз: 10:00
Марҳилаи ниҳоӣ: 16:00-18:00
Рақобатҳои даставӣ (Мардон ва Бонувон)
*Вақти Душанбе
• Ҷудокорони мусобиқа имкони касби имтиёзҳои олимпӣ доранд. Барои мақоми аввал - 700 имтиёз, дуюм - 490 имтиёз ва сеюм - 350 имтиёз дода мешавад.
• Дар мусобиқа иштироки 215 варзишгар аз 30 давлат дар назар аст.