Antalya Grand Slam 2021 барои Шаҳбоз бебарор анҷом ёфт

Дар нахустин рӯзи мусобиқаи Antalya Grand Slam 2021, ки дар шаҳри Анталяи Туркия ҷараён дорад, Тоҷикистонро Шаҳбоз САИДАБУРОРОВ (-60кг) намояндагӣ кард.

Шаҳбоз дар даври аввал озод буда, дар даври дуюм бо дарёфти се «шидо» аз ҷудочии мизбон, қаҳрамони Аврупо-2019 - Салиҳ ЙЛДЗ шикаст хурд ва аз идомаи сабқатҳо маҳрум шуд.



Final Results (-60kg)
1. VERSTRAETEN, Jorre (BEL)
2. KHYAR, Walide (FRA)
3. BOUDA, Romaric Wend-Yam (FRA)
3. YANG, Yung Wei (TPE)
5. OGUZOV, Albert (RUS)
5. YILDIZ, Salih (TUR)
7. GERCHEV, Yanislav (BUL)
7. TAKABATAKE, Eric (BRA)


Зимнан, 3-юми апрел - дар рӯзи ниҳоии ин мусобиқот ду варзишгари дигари тоҷик - Комроншоҳ УСТОПИРИЁН (-90кг)  ва Темур РАҲИМОВ (+100кг) барои дарёфти мақомҳои ифтихорӣ талош хоҳанд кард.