Омодагии бонувони ҷудокор ба «Қаҳрамонии Осиё-Уқёнусия 2021»

То оғози Чемпионати Осиё-Уқёнусия рӯзҳои башумор боқӣ монд. Тими миллии ҷудочиёни тоҷик ҳам бо омодагии тамом ба ин мусобиқот сафар хоҳанд кард. Дар қатори мардони ҷудоварзи кишвар бонувон низ дастаи яккачини ҷумҳуриро мукаммал карда, шарафи кишварро дар ин мусобиқаи бонуфузи минтақавӣ ҳифз хоҳанд кард.
Ҷудо, Варзише, ки дар баробари футбол исми кишварҳоро ба ҷаҳониён муаррифӣ мекунад. Василае, ки миллионҳо наврасу ҷавонро дар рӯҳияи ахлоқи ҳамидаи инсонӣ ва роҳу равиши зиндагӣ тарбият мекунад. Ва ин варзиши ҷаҳонӣ аз замони таъсисёбӣ дар Тоҷикистон пайравону алоқамандони худро пайдо кард ва бо бунёди як қатор бошгоҳҳои махсуси ҷудо рушду тавсеа ёфт.

Дар бошгоҳи ҷудои Вастан дар шаҳри Душанбе садҳо наврасу ҷавон бо шуру шавқ дар ҳоли тамрин ҳастанд. Дар баробари ин ҳама ҷавонписарон ду бонуе ҳаст, ки барои пур кардани фазои холии тими милли ҷудои кишвар ва баланд бардоштани нуфузи кишвар дар арсаи ҷаҳонӣ бо ангезаи тамом ва рӯъёву орзуҳои нек машқварзӣ мекунанд. Шукрона Карчиева ва Фазилат Гулбоева.
Бошгоҳи “Вастан” аз аввалин клуби ҷудо дар кишвар буд, ки 10 сол пеш таъсис ёфт ва аз оғози фаъолият ба дастовардҳои чашмгир ноил шуд. Яке аз аввалин дастпарваронаш Шукрона Қарчиева буд, ки аз Ҷоми Аврупо медали нуқра овард.

2015с. Маросими ҷоизасупории мусобиқаи «Тверские надежды»

Шукрона дар Чемпионати Тоҷикистон дар соли 2020 то финал расида буд, аммо бо далели ин ки ҳарифаш аз ӯ 8кг вазнинтар буд, бозанда шуд. Ба таъбири худаш дар вазни 48кг аз зумраи беҳтаринҳои кишвар аст ва бо эътимоди зиёд ба Чемпионати Осиё сафар хоҳад кард.

Акс аз маросими ҷоизасупории Чемпионати Тоҷикистон 2020

Фазилат Гулбоева, ҷудоварзи дигаре, ки аз толори варзишии “Вастан” сар ба рақобатҳои дохилиҷумҳурӣ зад.  Бонуе, ки дар зоҳир фурутан ва дар ботин баландпарвозона аст. Ӯ низ сахт тамрин кардааст ва худро дар форми идеалӣ эҳсос мекунад ва ҳамчунин аз Мусобиқаи осиёӣ умеди пирӯзӣ дорад.
Имрӯз дастандаркорони бошгоҳи ҷудои “Вастан” ду ҷудочии бонуро ба ҳайати тими миллии кишвар шомил карда, умед  доранд, ки аз Чемпионати Осиё бо дастоварди шоиста ба Ватан бармегарданд ва ба ин васила дар ояндаи наздик барои рушду тавсеаи ҷудои занон ва ҷалби бонувони далеру шуҷоъ ба варзиш саҳми арзанда мегузоранд.

Муаллиф: Каримхон Бегматов