Натиҷаҳои ҷудочиёни тоҷик дар рӯзи дуюми Kazan Grand Slam 2021

Дар рӯзи дуюми мусобиқаи Kazan Grand Slam 2021 Тоҷикистонро Сомон МАҲМАДБЕКОВ (-73кг) ва Акмал МУРОДОВ (-81кг) муаррифӣ карданд.

Сомон МАҲМАДБЕКОВ (-73кг) дар даври якум озод буда, дар даври дуюм рақобати шадид бо ҷудокори Ӯзбекистон – Ҷалолиддин БОЙНАЗАРОВ анҷом дод. Сомон дар дақиқаи аввал бо иҷрои зиддиусул тавонист як имтиёзи «ваза-ари» ба даст оварад.  Аммо пас аз 40 сония варзишгари ӯзбек бо иҷрои «сэои-наге» «ваза-ари» касб карда ва ҳисоби имтиёзҳоро баробар намуд.
Дар «голден скор» ҳарифи Сомон бо дарёфти сеюмин танбеҳаш аз сӯи довари майдон мағлуб дониста шуд.

Дар даври сеюм дар муқобили Сомон  писарамакаш - Маҳмадбек МАҲМАДБЕКОВ қарор гирифт, ки таҳти парчами Русия ҳунарнамоӣ мекунад. Пас аз як ҳамлаи бомуваффақ Маҳмадбек МАҲМАДБЕКОВ Сомонро дар бахши «не-ваза» (кор дар замин) бо шеваи «шиме ваза» (хафа кардан) мағлуб кард ва ба даври навбатӣ роҳ ёфт.



Final Results (-60kg)
1. MAKHMADBEKOV, Makhmadbek (RUS)
2. KHAZHALIEV, Ayub (RUS)
3. SCVORTOV, Victor (UAE)
3. TATALASHVILI, Nugzari (GEO)
5. BUTBUL, Tohar (ISR)
5. SHOKA, Vadzim (BLR)
7. KARAPETIAN, Ferdinand (ARM)
7. RAICU, Alexandru (ROU)


Рақиби Акмал МУРОДОВ (-80кг) дар даври аввал Морад ЗЕМУРИ (Қатар) бо гирифтани се «шидо» шикаст хурд. 
Мутаассифона дар даври дуюм Акмал бо дарёфти се «шидо» аз ҷудокори мизбон – Аслан ЛАПИНАГОВ ноком шуд.

Final Results (-81кг)
1. UNGVARI, Attila (HUN)
2. KHUBETSOV, Alan (RUS)
3. FATIYEV, Murad (AZE)
3. LEE, Sungho (KOR)
5. BEKMURZAEV, Yunus (BLR)
5. LAPPINAGOV, Aslan (RUS)
7. CHOUCHI, Sami (BEL)
7. GANDIA, Adrian (PUR)


Фардо, 7-уми май Комроншоҳ УСТОПИРИЁН дар вазни -90кг, баромад хоҳад кард.