Натиҷаҳои ҷудочиёни навраси тоҷик дар Almaty Cadet Asian Cup 2021


Дар Ҷоми Осиё-2021 миёни наврасон (Cadet Asian Judo Cup Almaty 2021), ки рӯзҳои 14-16-уми май дар шаҳри Алматои Қазоқистон баргузор шуд, Тоҷикистонро панҷ ҷудокор (чор мард ва як бону) намояндагӣ карданд.

Меҳрона МАҲМАДЗОДА (-57кг) дар даври аввал дар муддати 1 дақиқаю 54 сония ҷудокорбонуи кишвари мизбон – Динара МАХАМАДИЯРОВАро бо «иппон» шикаст дод, вале мутаассифона дар чорякниҳои аз Дана АИТБАЕВА (Қазоқистон) бо дарёфти се танбеҳ мағлуб шуд.

Дар рақобатҳои тассалобахш дар тӯли 4 сония варзишгарбонуи Қирғизистон - Мирзайим ДУЙШЕНБЕКОВА ва пас аз он рақиб за кишвари мизбон – Гулнора ИБРАЕВАро шикаст дод ва ба марҳилаи ниҳоӣ роҳ ёфт.

Мутаассифона дар мубориза барои нишони биринҷӣ аз ҷудокорбонуи Ӯзбекистон - Ёқутҷон АБДИРИМОВА бо «иппон» шикаст хурд ва мақоми 5-умро соҳиб шуд. 

Самиршо МУҲАББАТОВ (-60кг) дар нахустин рақобаташ аз ҳарифи қирғиз – Дастан ДЖУМАШЕВ ноком шуд.
Акбарҷон НИЁЗЗОДА (-60кг) ҳам дар даври аввал дар «голден-скор» аз ҷудокори Қирғизистон - Казибек ЧИНИБЕКОВ мағлуб шуд.
Бахтиёр ҒАФУРОВ (-73кг) дар нахустин рақобаташ бар ҷудочии ӯзбек - Дилшод ШУКРУЛЛОЕВ дастболо шуд.

Дар даври дуюм бошад, бар Абилай АЛДИНАЗАРОВи қазоқ бо ситонидани ду имтиёзи «ваза-ари» пирӯз гашт.

Дар чорякниҳоӣ дар «голден-скор» аз ҷудокори мизбон - Бекзад НУРМОЛДА бо дарёфти се «шидо» аз ҷониби довари майдон мағлуб дониста шуд.

Мутаассифона, дар даври тассаллобахш низ рақобатро ба варзишгари қазоқ - Анатолий КЛЕВЕТСУР бо «иппон» бохт.

Муҳаммадҷон АФҒОНОВ (-90кг) дар даври аввал аз Меирджан БЕРИКОВ (Қазоқистон) ва дар даври тассалобахш аз Азизбек АЛИМОВ (Ӯзбекистон) шикаст хӯрд ва аз идомаи роҳи мубориза бенасиб монд.
  • Дар мусобиқа 250 варзишгар аз 4 давлат ширкат варзиданд.