Бохти Шаҳбоз дар даври аввали Қаҳрамонии ҷаҳон

Дар рӯзи дуюми Чемпионати ҷаҳон (World Judo Championships Seniors Hungary 2021), ки дар Маҷористон идома меёбад, кишвари моро Шаҳбоз САИДАБУРОРОВ (-66КГ) намояндагӣ кард.
Шаҳбоз, ки қаблан дар вазни -60КГ ҳунанамоӣ мекард, ин навбат дар вазни -66КГ рӯи майдон баромад. Рақиби ӯ дар даври аввал ғолиби Казан Гранд Слэм 2021, варзишгари Русия – Мурад ЧОПАНОВ буд.  Ду варзишгар дар вақти асосӣ имтиёзе аз ҳамдигар касб накарданд ва ҳамин тариқ вақт ба “голден скор” кашида шуд.  Мутаассифона, Шаҳбоз дар “вақти тиллоӣ” бо “ваза-ари” рақобатро бохт ва аз идомаи сабқатҳо маҳрум гашт.



Final results (-66kg):
1) MARUYAMA Joshiro (JPN)
2) LOMBARDO Manuel (ITA)
3) SHAMILOV Yakub (RJF)
3) YONDONPERENLEI Baskhuu (MGL)


Зимнан, рӯзи 9-уми июн Акмал МУРОДОВ дар вазни -81КГ ҳунарнамоӣ хоҳад кард.