Бозиҳои варзишии Тоҷикистон 2021: натиҷаҳои рӯзи аввали мусобиқаи ҷудо

Дар доираи Бозиҳои варзишии Тоҷикистон 2021 дар толори Муассисаи давлатии «Маркази омодагии дастаҳои мунтахаб»(Манеж)-и шаҳри Душанбе мусобиқаи гӯштини ҷудо баргузор гардид, ки дар рӯзи аввали он ҷудокорони вазнҳои -60, -66 ва -73кг нерӯсанҷӣ карданд.

Баъд аз ҷамъбасти рақобатҳо, ғолибону ҷоизадорон ба таври зайл маълум шуданд:

-60кг (11 ҷудочӣ):
1) Муҳаммадсолеҳ ҚУВВАТОВ (Хатлон 1)
2) Мустафо АШУРЗОДА (Суғд)
3) Амирҷон АЗИЗУЛЛОЕВ (Душанбе)
3) Муслиҳиддин ХАЙРУЛЛОЕВ (Хатлон 1)


-66кг (11 ҷудочӣ):
1) Баҳром СУФИЕВ (Хатлон 2)
2) Муслимбек КАРИМОВ (Хатлон 1)
3) Идибек САФАРОВ (Душанбе)
3) Ҷамшеди НУРАЛӢ (Душанбе)

-73кг (11 ҷудочӣ):
1) Муҳаммадиқбол ТОШОВ (Суғд)
2) Масъуди АҲМАДЗОД (Душанбе)
3) Муҳаммад САЪДУЛЛОЕВ (Рашт)
3) Муҳаммадраҳим САРАХОНОВ (Душанбе)


Фардо, дар охирин рӯзи мусобиқа, ҷудокорон дар вазнҳои -81, -90, -100 ва +100кг ҳунарнамоӣ хоҳанд кард.