Натиҷаҳои Комроншоҳу Ҷаҳонгир дар рӯзи панҷуми Қаҳрамонии ҷаҳон
Дар рӯзи панҷуми Чемпионати ҷаҳон (World Judo Championships Seniors Hungary 2021), ки дар Маҷористон ҷараён дорад, тими Тоҷикистонро дар вазни -90кг Комроншоҳ УСТОПИРИЁН ва Ҷаҳонгир МАҶИДОВ муаррифӣ карданд.
Ҷаҳонгир дар даври аввал муқобили варзишгари Швейтсария - Сирил ГРОССКЛАУС қарор гирифт. Ҷудокори тоҷик аз сонияҳои аввали рақобат фаъол буда, пас аз гузашти як дақиқа бо иҷрои «о-сото-гари» тавонист аз ҳариф имтиёзи «ваза-ари» ситонад. Мутаассифона, 40 сония монда ба анҷоми нерусанҷӣ, Ҷаҳонгир пас аз иҷрои номуваффақи усули «ура нагэ» ба ҳариф бартарӣ дод, ки дар натиҷа варзишгари Швейтсария соҳиби имтиёзи «ваза-ари» гашт ва ниҳоятан бо иҷрои «осаекоми» бар ҷудокори тоҷик пирӯз гашт.
Комроншоҳ УСТОПИРИЁН дар даври якум бар ҷудокори Габбон - Адама Далекс МИНСТА ДИАРРА бо касби ду «ваза-ари» пирӯз гашт.
Дар даври дуюм рақиби Комроншоҳ - Юта ГАЛАРЕТТА ВИЛЛАР (Перу) бо дарёфти се «шидо» аз ҷониби довари майдон мағлуб дониста шуд.
Мутаассифона, дар даври сеюм Комроншоҳ аз ҷудочии пурқуввати Шветсия, чаҳор карат қаҳрамони сабқатҳои Гранд Слэм – Маркус НЮМАН шикаст хурд ва аз идомаи рақобатҳо маҳрум шуд.
Final Results (-90kg)
1. SHERAZADISHVILI, Nikoloz (ESP)
2. BOBONOV, Davlat (UZB)
3. NYMAN, Marcus (SWE)
3. TOTH, Krisztian (HUN)
5. GANTULGA, Altanbagana (MGL)
5. NAGASAWA, Kenta (JPN)
7. BOZBAYEV, Islam (KAZ)
7. FEUILLET, Remi (MRI)
Ёдовар мешавем, ки 12-уми июн дар вазни +100кг Темур РАҲИМОВ рӯи татами мебарояд.