Мақоми ҳафтуми Темур дар Қаҳрамонии ҷаҳон

Рақобатҳои инфиродии Чемпионати ҷаҳон (World Judo Championships Seniors Hungary 2021), ки тӯли як ҳафта дар пойтахти Маҷористон баргузор шуданд, ба анҷом расиданд.

Тоҷикистонро дар рӯзи ҳафтуми қувваозмоиҳо Темур РАҲИМОВ дар вазни +100кг намояндагӣ кард.

Темур, ки дар даври аввал озод буд, рақобатро дар даври дуюм муқобили ҷудокори Полша - Мачей САРНАТСКИЙ баргузор намуд. Варзишгари тоҷик, ки аз оғози нерӯсанҷӣ фаъолтар буд, пас аз як ҳамла бо иҷрои «дэ-аши-барай» соҳиби як имтиёзи «ваза-ари» гашт  ва бо гузашти як дақиқа бо «учимата» бар ҳариф дастболо шуд.

Дар даври сеюм паҳлавони сангинвазни тоҷик бо варзишгари Қазоқистон – Ерассил КАЖИБАЕВ вориди майдони рақобат шуд. Ду ҷудокор то дақиқаи охир талош карданд аз ҳамдигар имтиёз бигиранд, аммо Темур 20 сония монда ба анҷоми нерусанҷӣ ҳарифро бо “учимата” (ваза-ари) ба тахтаи пушт ба замин зада,  ӯро дар ҳолати «осаекоми» нигоҳ дошт ва ҳамин тариқ ғалабаро ба даст овард.

Мутаассифона дар чорякниҳоӣ аз се карат қаҳрамони сабқатҳои Гранд Слэм, ҷудочии пурқуввати Русия – Тамерлан БАШАЕВ, ва дар даври тассалобахш аз Рой МЕЙЕРи ҳолландӣ мағлуб шуд ва мақоми ҳафтумро касб кард.

Final Results (+100kg):
1. KAGEURA, Kokoro (JPN)
2. BASHAEV, Tamerlan (RJF)
3. KHAMMO, Yakiv (UKR)
3. MEYER, Roy (NED)
5. SILVA, Rafael (BRA)
5. ZAALISHVILI, Gela (GEO)
7. PUUMALAINEN, Martti (FIN
7. RAKHIMOV, Temur (TJK)


Ёдовар мешавем, ки фардо, 13-июн - дар рӯзи охири Чемпионати ҷаҳон рақобатҳои даставӣ сурат мегиранд, вале тими Тоҷикистон бинобар сабаби нопурра будани ҳайат дар он иштирок намекунад.