IPPON GEAR - шарики Федератсияи ҷудои кишвар дар Бозиҳои олимпии Токио 2020

Тақрибан ду ҳафта то оғози Бозиҳои олимпии тобистона боқӣ монда дар ин фурсат масъулони Федератсияи ҷудои кишвар бо ҳайати мунтахаби ҷудочиён масоили омодагии сафар ба Токиоро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар ин ҷаласа, ки бо ҳузури варзишгарон ва мураббиё доир гардид, таъкид шуд, ки варзишгарон ва мураббиён бояд тамоми нерӯву тавони худро ба кор гиранд то солҷашни таърихии 30 солагии Истиқлолияти кишвари маҳбубамонро арзанда муаррифӣ намоянд.

Дар ҳамин росто Федератсияи ҷудо талош дорад бо ҳамкорон ва шарикони худ дар таъмини варзишгарон бо лавозимоти варзишӣ иқдом намояд. Аз ҷумла ин Федератсия дар ҳамкорӣ бо ширкати Ippon Gear  барои ҳайати мунтахаби ҷудо, ки иборат аз ҷудокорон, мураббиён, табиб ва масъулони Федератсия мебошанд, бо лавозимоти варзишӣ таъмин шуданд.

Маҷмуи лавозимоти варзишӣ иборат аз болопӯши варзишӣ дар ду ранг - тобистонаву зимистона, пироҳани варзишӣ - чор номгӯ, ки ду номгӯяш барои машқу тамрин аст, шалвори варзишӣ, шалвори кӯтоҳ, пойафзол ва ҷузвдон барои ҳамли лавозимоти зикршуда мебошанд.


Қобили қайд аст ҳамаи лавозимот бо номи варзишгар, кишвар ва парчами миллии мо оро дода шудааст.

Афзун бар ин, Федератсияи ҷудо дар ҳамкорӣ бо «Ширкати истихроҷи маъданҳои Тоҷикистону Хитой» ҷиҳати дастгирии тими миллии ҷудои кишвар барои иштирок дар Бозиҳои олимпӣ кӯмаки молиявӣ ба ҳар кадом аз ҷудокорон ихтисос дод.

Ёдовар мешавем аввалин бор аст, ки чор ҷудокори тоҷик Сомон Маҳмадбеков, Акмал Муродов, Комроншоҳ Устопириён ва Темур Раҳимов тавонистанд бо имтиёзҳои касб кардаашон роҳхат ба Бозиҳои олимпиро соҳиб гарданд.