Темур Раҳимов - парчамбардори Ҳайати олимпии Тоҷикистон дар Бозиҳои олимпии Токио-2020

10-уми июл дар ҷаласаи 20-уми Ассамблеяи генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон либоси варзишӣ ва расмии Ҳайати олимпии Тоҷикистон муаррифӣ шуда, ба ҳайати олимпии Тоҷикистон кӯмакпулӣ ва ба 17 федератсияи варзишӣ грант дар ҳаҷми умумии 935 000 сомонӣ тақдим шуд. инчунин Фонди дастгирии олимпӣ таъсис ёфт.

Дар ҷаласа ба иштирокчиёни Бозиҳои олимпии Токио-2020 мукофотпулӣ ва ба 17 федератсияи миллии варзишӣ гранти ноиби Президенти Кумита – Шамсулло Соҳибов тақдим гардид. Ҳар гранти ноиби Президенти Кумита 50 000 сом. буда, ба рушди федератсияҳои миллии варзишӣ нигароднида шудааст. 

Ба варзишгароне, ки ба Бозиҳои олимпии Токио-2020 роҳхат гирифтанд ва тибқи саҳмияи универсалӣ сафарбар мегарданд, мутаносибан 10 000 сомонӣ ва 5 000 сомонӣ мукофотпулӣ тақдим карда шуд.

Ҳамчунин, дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҷонибдории аъзои Кумита дар маросими кушодашавии Бозиҳои олимпии Токио-2020 Темур Раҳимов – ҷудокори маъруфи кишвар парчамбардори Ҳайати олимпии Тоҷикистон таъин шуд.


  • Ҳайати олимпии Тоҷикистон дар Бозиҳои олимпии Токио-2020 аз 11 нафар иборат мебошад: Баҳодур Усмонов, Шаббос Неъматуллоев, Сиёвуш Зуҳуров (бокс), Гулсумбӣ Шарифова, Илдар Аҳмадиев (варзиши сабук), Сомон Маҳмадбеков, Акмал Муродов, Комроншоҳ Устопириён,  Темур Раҳимов (ҷудо), Анастасия Тюрина ва Олимҷон Ишанов (шиноварӣ)
  • Дар асоси муқаррароти низомномаи Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ, варзишгароне, ки дар Бозиҳои олимпӣ сазовори медали тилло мешаванд, 300 000 сомонӣ, барои медали нуқра – 250 000 сомонӣ, ва барои медали биринҷӣ 200 000 сомонӣ ҷоизапулӣ мегиранд.