Тими олимпии Тоҷикистон ба Токио сафар кард

Субҳи имрӯз ҳайати мунтахаби олимпии Тоҷикистон ҷиҳати иштирок дар 32-юмин Бозиҳои тобистонаи олимпӣ ба кишвари Ҷопон сафар намуд. Оғози расмии ин чорабинии сатҳи баланди варзишӣ 23-юми июл буда, ҳунарнамоии варзишгарони тоҷик аз 24-ум шуруъ мешавад. 

Ҳайати мунтахаби олимпии кишвар бо шумули 23 нафар аз қабили 10 варзишгар субҳи имрӯз тариқи хатсайри Душанбе – Истанбул аз он ҷо ба шаҳри Токио сафар намуд.

Дар Олимпиадаи Токио кишвари моро 10 варзишгар: Баҳодур Усмонов, Шаббос Негматуллоев, Сиёвуш Зуҳуров дар риштаи бокс, Сомон Маҳмадбеков, Акмал Муродов, Комроншоҳи Устопириён ва Термур Раҳимов дар намуди ҷудо, Анастасия Тюрина ва Олимҷон Ишанов дар шиноварӣ ва Илдар Аҳмадиев дар варзиши сабук аз намуди давидан муаррифӣ мекунанд.

Гулсумбӣ Шарифова бинобар осеб бардоштани пояш ба ҳайат ҳамроҳ шуда натавонист.


Қабл аз сафар дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе варзишгарони кишварро қаҳрамони Бозиҳои олимпии Рио-де-Жанейро ва феълан муовини Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - Дилшод Назаров  сарҷамъ намуда, ба онҳо комёбиҳо таманно кард.

Хотиррасон мекунем, ки маросими тантанавии кушодашавии Бозиҳои олимпӣ 23-юми июл баргузор мешавад. Парчамбардори ҳайати олимпии Тоҷикистон дар маросими ифтитоҳи бозиҳо Темур Раҳимов мебошад.

Тақвими иштироки ҷудокорони тоҷик:

26 Июл, Душанбе | Шуруъ аз соати 07:00 
-73 KG | Сомон МАҲМАДБЕКОВ

27 Июл, Сешанбе | Шуруъ аз соати 07:00 
-81 KG | Акмал МУРОДОВ

28 Июл, Чоршанбе | Шуруъ аз соати 07:00 
-90 KG | Комроншоҳ УСТОПИРИЁН

30 Июл, Ҷумъа | Шуруъ аз соати 07:00
+100 KG | Темур РАҲИМОВ

Рақобатҳои варзишгарони тоҷик ва дигар қувваозмоиҳоро ТВ "Варзиш" мустақиман манзури ҳаводорон мегардонад.