Бозиҳои олимпии Токио-2020 барои Сомон хотима ёфт

Дар шаҳри Токиои Ҷопон 32-юмин Бозиҳои олимпӣ ҷараён дорад. Дар рӯзи сеюми мусобиқаи ҷудо Тоҷикистонро дар вазни -73КГ Сомон МАҲМАДБЕКОВ намояндагӣ кард.

Дар даври аввал Сомон бе мушкилӣ бар рақиби худ аз дастаи паноҳндагон - Аҳмад АЛИКАЙ бо ду «ваза-ари» пирӯз гашт.


Дар даври дуюм бо Фае НҶИЕ аз Гамбия вориди майдони рақобат шуд. Ду ҷудокор то дақиқаи охир талош каданд аз ҳамдигар имтиёз бигиранд, аммо Сомон дар сонияҳои охири нерӯсанҷӣ пас аз як ҳамла тавонист ҳарифро дар ҳолати «осаекоми» нигоҳ дорад ва бо имтиёзи «иппон» дастболо шавад.


Дар даври сеюм муқобили ҷудокори пурқуввати Озарбойҷон, барандаи медали нуқраи Бозиҳои олимпии Рио-2016 ва чанд карат ғолиби сабқатҳои Гранд Слэму Мастерс – Рустам ОРУҶЕВ қарор гирифт. Мутаассифона, Сомон дар ин рақобат бо «ваза-ари» мағлуб ва идомаи рақобатҳо маҳрум шуд.


Final Results
1 ONO Shohei (JPN)
2 SHAVDATUASHVILI Lasha (GEO)
3 TSEND-OCHIR Tsogtbaatar (MGL)
3 AN Changrim (KOR)
5 ORUJOV Rustam (AZE)
5 MARGELIDON Arthur (CAN)
7 BUTBUL Tohar (ISR)
7 GJAKOVA Akil (KOS)


Фардо, 27-уми июл, Акмал МУРОДОВ дар вазни -81КГ ҳунарнамоӣ хоҳад кард. Рақиби ӯ дар даври аввал Ҷоштер ЭНДРЮ аз кишвари Гуам аст.

Бозиҳои тобистонаи олимпии Токио, ки 23-юми июл оғоз ёфт, то 8-уми август идома хоҳад кард. Рақобатҳо дар риштаи ҷудо то 31-уми июл сурат мегиранд.