Бозиҳои олимпии Токио-2020 барои ҷудочиёни тоҷик хотима ёфт

Дар рӯзи ҳафтуми мусобиқаи ҷудои Бозиҳои олимпии Токио-2020 Тоҷикистонро Темур РАҲИМОВ дар вазни +100КГ муаррифӣ кард.

Темур дар даври аввал ҷудокори кишвари Куба - Энди Грандаро бо «ваза-ари» (аши гурума) мағлуб кард, вале дар даври дуюм аз Қаҳрамони ҷаҳон-2018 – паҳлавони машҳури гурҷӣ – Гурам ТУШИШВИЛИ бо ду «ваза-ари» шикаст хурд ва аз ҳаққи мубориза барои нишонаҳои Бозиҳои олимпӣ канор монд.


Final Results
1 KRPALEK Lukas (CZE)
2 TUSHISHVILI Guram (GEO)
3 RINER Teddy (FRA)
3 BASHAEV Tamerlan (ROC)
5 HARASAWA Hisayoshi (JPN)
5 KHAMMO Yakiv (UKR)
7 SILVA Rafael (BRA)
7 OLTIBOEV Bekmurod (UZB)



Ҳамин тариқ, Бозиҳои олимпии Токио-2020 барои ҷудочиёни тоҷик хотима ёфт.

Ёдовар мешавем, ки фардо, дар рӯзи охири мусобиқаи ҷудо рақобатҳои даставӣ сурат мегиранд, вале тими Тоҷикистон бинобар сабаби нопурра будани ҳайат дар он иштирок намекунад.