Ширкати ҷудокорони кишвар дар мусобиқаи Orenburg Senior European Cup 2021

Маҷмааи варзишии «Оренбуржье»
Рӯзҳои 7-8 август дар шаҳри Оренбурги Русия мусобиқаи Ҷоми Аврупо миёни калонсолон (Orenburg Senior European Cup 2021) баргузор мешавад.

Дар ин мусобиқаи анъанавӣ Тоҷикистонро ҳашт нафар ҷудокор намояндагӣ мекунад:


-60kg | Давлаталӣ НАЗАРАЛИЕВ
-66kg | Алиҷон САФАРАЛИЕВ
-73kg | Маҳмудҷон РАҲИМОВ
-81kg | Ҳақназар НАЗАРОВ
-81kg | Хушвақт ИДИЕВ
-90kg | Ҷаҳонгир МАҶИДОВ
-90kg | Насимҷони АМИРҶОН
-100kg | Абубакри АКОБИР

Барномаи баргузории мусобиқа:

7 Август, Шанбе | Рӯзи 1 
Бонувон: -48, -52, -57, -63 kg
Mардон: -60, -66, -73 kg
Оғоз: соати 09:00


8 Август, Якшанбе | Рӯзи 2 
Бонувон: -70, -78, +78 kg
Mардон: -81, -90, -100, +100 kg
Оғоз: соати 09:00


*Вақти Душанбе
  • Пахши мустақими рақобатҳо дар сомонаи https://live.ijf.org/ ва дар YouTube-шабакаи Oren Stream дар назар аст.
  • Дар ин мусобиқаи байналмилалӣ 222 варзишгар (137 мард ва 85 зан) аз 15 кишвари ҷаҳон ширкат меварзад.

Натиҷаҳои қуръакашӣ: