Натиҷаҳо ҷудочиёни тоҷик дар рӯзи якуми мусобиқаи Orenburg Senior European Cup 2021

Дар шаҳри Оренбурги Федератсияи Русия мусобиқаи Ҷоми Аврупо миёни калонсолон (Orenburg Senior European Cup 2021) ҷараён дорад.

Дар рӯзи аввали мусобиқа Тоҷикистонро дар вазни -60кг – Давлаталӣ НАЗАРАЛИЕВ, -66кг – Алиҷон САФАРАЛИЕВ ва дар вазни -73кг Маҳмудҷон РАҲИМОВ намояндагӣ карданд.


Давлаталӣ НАЗАРАЛИЕВ (-60кг), ки  дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм аз варзишгари мизбон – Изнаур СААЕВ дар сонияҳои охири рақобат бо усули "ҷуҷи гатамэ" (лат додани даст) мағлуб шуд.


Алиҷон САФАРАЛИЕВ (-66кг) дар нахустин рақобаташ аз Сунгат ЖУБАТКАН (Қазоқистон) бо як «ваза-ари» шикаст хурд.

Дар даври якуми тассалобахш бар ҳарифи рус – Мандур АЛИСКАНТОВ дар «голден скор» бо иҷрои «ко-сото-гакэ» пирӯз шуд.

Дар даври дуюми тассалобахш низ муқобили ҷудочии мизбон – Дмитрий КАЛИНИН қарор гирифт. Ҷудокори рус ба хотири камфаолӣ ва ҳамеша дар ҳоли дифоъ будан се “шидо” дарёфт кард ва аз идомаи рақобатҳо маҳрум шуд.


Дар даври сеюми тассалобахш бо Руфат АЛЕКСЕРОВ (Русия) нерӯсанҷӣ кард. Мутаассифона, пас аз як ҳамлаи номувафақи паҳлавони тоҷик, ҷудокори Русия бо истифода аз ҳолати мусоид Алиҷонро дар ҳолати «осаекоми» нигоҳ дошт ва бо имтиёзи «иппон» ғолиб гардид.

Маҳмудҷон РАҲИМОВ (-73кг) дар даври якум аз ҷудокори Қазоқистон - Аскар НАРКУЛОВ таслим (осаекоми) шуд.

Фардо, дар рӯзи охири мусобиқа Ҳақназар НАЗАРОВ, Хушвақт ИДИЕВ (ҳарду дар вазни -81кг), дар вазни -90кг Ҷаҳонгир МАҶИДОВ, Насимҷони АМИРҶОН ва дар вазни -100кг Абубакри АКОБИР баромад мекунанд.