Ширкати Сомон Маҳмадбеков дар мусобиқаи IV байналмилалии ҷудо дар Русия

3-юми сентябр дар шаҳри Владивостоки Федератсияи Русия дар доираи барномаи варзишии «Форуми 4-уми иқтисодии шарқ» (Восточный экономический форум)  бори чорум Мусобиқаи байналмилалии ҷудо ба номи Ҷигоро Кано (Annual International Vladivostok Jigoro Kano Junior Judo Tournament) таҳти сарпарастии Президенти Федератсияи Русия ва Сарвазири Ҷопон  баргузор мешавад.

Мусобиқа миёни ҷавонони то 23-сола баргузор мешавад. Рақобатҳо дар шакли даставӣ - тибқи қоидаҳои сабқатҳои даставии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) сурат мегиранд.

Ғолибон ва ҷоизадорони Чемпионати ҷаҳон-2019 миёни ҷавонон аз Туркия, Олмон, Нидерланд, Фаронса, Маҷористон ва Тоҷикистон дар ҳайати яккачини ҷаҳон бар муқобили тими мунтахаби Русия рақобат мекунанд.

Тоҷикистонро дар ин мусобиқа Қаҳрамони ҷаҳон-2019 миёни ҷавонон - Сомон Маҳмадбекбеков (-73кг) муаррифӣ хоҳад кард. Рақиби ӯ варзишгари мизбон - Қаҳрамони феълии Аврупо миёни ҷавонон – Казбек Нагучев мебошад. 

Дар баробари Сомон, ҳамчунин ҷудокори тоҷиктабор – Ёқубҷон Назиров (-90кг), ки таҳти парчами Русия баромад мекунад, ширкат меварзад.




Инчунин, бар асоси қуръакашӣ, рақамгузории тартиби иштироки ҷудочиён муайян шуд:

1. -70кг | Бонувон | Марлен Галанди (Олмон) – Дали Лилуашвили (Русия)
2. -90кг | Мардон | Роланд Гоз (Маҷористон) – Ёқубҷон НАЗИРОВ (Русия)
3. +70кг | Бонувон | Тахина Дюран (Фаронса) — Даря Владимирова (Русия).
4. +90кг | Мардон | Мерт Шишманлар (Туркия) - Валерий Ендовитский (Русия)
5. -57кг | Бонувон | Плеуни Корнелисс (Нидерланд) - Ирина Зуева (Русия)
6. -73кг | Мардон | Сомон МАҲМАДБЕКОВ (Тоҷикистон) – Казбек Нагучев (Русия)

Дастае, ки ҷудокоронаш бештар пирӯзӣ ба даст меорад – ғолиби мусобиқа дониста мешавад.

Пахши мустақими мусобиқа дар
YouTube-шабкаи Федератсияи ҷудои Русия шуруъ аз соати 13:45 (вақти Душанбе) дар назар аст.