Дастаи мунтахаби Русия – ғолиби Мусобиқаи ҷудо ба номи Ҷигоро Кано

Дар шаҳри Владивостоки Русия Мусобиқаи байналмилалии ҷудо ба номи Ҷигоро Кано, ки дар доираи барномаи варзишии Форуми 4-уми иқтисодии шарқ баргузор шуд, ба поён расид.

Мусобиқа дар шакли даставӣ тибқи қоидаҳои Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) сурат гирифта, дар он тими мунтахаби Русия бар дастаи яккачини ҷаҳон бо ҳисоби 4-3 пирӯз шуд.

Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи анъанавӣ Сомон Маҳмадбеков (-73кг), ки шомили дастаи яккачини ҷаҳон буд, муаррифӣ кард. 

Ҷудокори тоҷик бо Қаҳрамони феълии Аврупо миёни ҷавонон - Казбек Нагучев (Русия) нерӯсанҷӣ кард. Варзишгарон дар вақти асосӣ ғолибро муайян карда натавонистанд. Дар «голден-скор» бошад, ҷудочии рус ба хотири камфаолӣ ва ҳамеша дар ҳоли дифоъ будан, танбеҳи сеюмро дарёфт кард ва рақобатро ба Сомон бохт.

Ҳамчунин, дар вазни -90кг Ёқубҷон Назиров – зодаи Тоҷикистон, ки Русияро намояндагӣ мекунад, ширкат варзид. Мутаассифона, Ёқубҷон рақобатро ба ҷудокори Маҷористон -  Роланд Гоз бо ду «ваза-ари» бохт.

Хотиррасон мекунем, ки ба ҳайати яккачини ҷаҳон қаҳрамону ҷоизадорони Чемпионати ҷаҳон-2019 миёни ҷавонон аз кишварҳои Туркия, Олмон, Нидерланд, Фаронса, Маҷористон ва Тоҷикистон шомил буданд.