Бозиҳои кишварҳои ИДМ-2021 барои ҷудочиёни тоҷик бидуни медал ба анҷом расид

Дар шаҳри Қазони Русия Бозиҳои кишварҳои ИДМ 2021 (Игры стран СНГ) ҷараён дорад.  Имрӯз, дар риштаи ҷудо Тоҷикистонро Абубакр ШЕРОВ (-66кг) ва Абубакри АКОБИР (-100кг) намояндагӣ карданд.

Абубакр ШЕРОВ (-66кг) рақобатро аз даври дуюм муқобили варзишгари қирғиз - Айбек уулу КУБАНИЧБЕК оғоз кард. Мутаассифона, ҷудокори тоҷик бо гирифтани се «шидо» мағлуб дониста шуд.

Дар даври якуми тассалобахш Абубакр бар ҷудочии Ӯзбекистон – Азизбек ОРТИҚОВ ва дар даври дуюм бар Яшар НАДЖАФАРОВ (Озарбойҷон) дастболо шуд ва ба даври минбаъда роҳ ёфт.

Мутаассифона, дар рақобат барои медали биринҷӣ аз Элчин ГУСЕЙНОВ (Озарбойҷон) мағлуб шуд, ва мақоми панҷумро дар ин мусобиқа касб намуд.

Абубакри АКОБИР (-100кг) бинобар кам будани шумораи иштирокчиён, қувваозмоиро аз чорякниҳоӣ оғоз кард.

Мутаассифона дар нахустин рақобаташ аз варзишгари мизбон – Лев САРКИСЯН бо «иппон» (осаекоми) таслим шуд.

Дар даври якуми тассалобахш аз  Адил КАРИМЛИи озарӣ бо ду «ваза-ари» шикаст хурд ва аз идомаи рақобатҳо бенасиб монд.

Амирҷони НАСИМҶОН, ки мебоист дар вазни -90кг Тоҷикистонро муаррифӣ кунад, бо сабаби дер ҳозир шуданаш ба шаҳри Қазон, натавонист то анҷоми чорабинии вазнкашӣ  вазни худро ба меъёр мувофиқ кунад ва дар мусобиқа ширкат варзад. Ҳамин тариқ, ҷудокори тоҷик аз миёни паҳлавонони сабқат берун карда шуд.