Истиқболи Темур дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе

Паҳлавони шинохати кишвар - Темур Раҳимов пас аз анҷоми мусобиқоти Abu Dhabi Grand Slam 2021 бо нишони биринҷӣ ба ватан баргашт. Дар баробари намоядагони Федератсияи ҷудои кишвар мураббиёну пайвандон ба истиқболи ин парчамбардори кишвар ба фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе рафтанд.

Аз 26 то 28-уми ноябр дар шаҳри Дубайи АМА мусобиқаи “Тоскулоҳи бузург” оид ба ҷудо бо иштироки 223 варзишгар, 135 мард ва 88 зан аз 41 давлати дунё доир гашт, ки охири мусобиқаи Гран Слам дар соли 2021 ба ҳисоб мерафт. Дар ин мусобиқаи сатҳи баланд аз Тоҷикистон 10 ҷудокор иштирок намуд. Се тан аз паҳалавонони меҳан соҳиби нишонҳои мусобиқа гардиданд. Дар вазни -90кг Комроншоҳ Устопириён медали нуқра ва Ҷаҳонгир Маҷидов медали биринҷӣ ба даст оварданд. Паҳлавони сангинвазни тоҷик Темур Раҳимов ин мусобиқаро бо нишони бириҷӣ ҷамъбаст намуд.