Ду нишони биринҷии ҷудокорони навраси тоҷик дар нахустин рӯзи Қаҳрамонии Осиё-Уқёнусия 2021

Дар шаҳри Бейрути кишвари Лубнон Чемпионати Осиё-Уқёнусия (Asia-Oceania Cadet Championships 2021) ҷараён дорад. Дар нахустин рӯзи мусобиқа Тоҷикистонро Ҷасур ЛУТФИШОЕВ (-50KG), Меҳрона МАҲМАДЗОДА (-52KG), Сируш ЭРКАЕВ (-60KG) ва Муҳаммад ЮСУФЗОДА (-66KG) муаррифӣ намуданд.

Ҷасур Лутфишоев (-50кг) нерусанҷиро аз чорякниҳоӣ оғоз карда, дар ин давр бар варзишгари Яман – Маҳир Эйса дар 40 сония дастболо шуд.

Мутаассифона, дар мубориза барои медали биринҷӣ аз ҷудокори ӯзбек – Фазлиддин Шокиров бо ду “ваза-ари” мағлуб ва соҳиби зинаи панҷум гашт.


Миёни бонувон Меҳрона Маҳмадзода (-52кг) дар вазни -52кг дар чорякниҳоӣ аз ҷудокорбонуи Қирғизистон – Карина Сидикова ва дар рақобат барои нишони биринҷӣ аз варзишгарбонуи  Ҳиндустон – Токас Таништҳа ноком шуд.

Сируш Эркаев (-60кг) дар даври аввал муқобили ҷудочии мизбон – Георги Югай қарор гирифт. Ҷудокори тоҷик 25 сония монда ба анҷоми рақобат ҳарифро дар бахши «не ваза» (кор дар замин) бо лат додани даст дучори шикаст намуд ва ба чорякниҳоӣ роҳ ёфт.

Дар ин давр Сируш бо Аян Байкенжеев аз Қазоқистон қувваозмоӣ кард. Ҷудокорон дар вақти асосии рақобат натавонистанд ғолибро муайян кунанд ва кор ба вақти тиллоӣ кашида шуд. Ниҳоятан дар “голден скор” Эркаев бо иҷрои “коши ваза” ҳарифро мағлуб кард ва ба ниманиҳоӣ баромад.
Дар даври нимниҳоӣ ҷудокори тоҷик аз Сардор Ҳиматов (Ӯзбекистон) бо дарёфти се “шидо” мағлуб шуд.

Дар мубориза барои нишони биринҷӣ бар варзишгари Қирғизистон - Эрменхан Токторгазиев дастболо ва сазовори нишони биринҷӣ шуд.

Final results -60kg:
1) PULATOV Suhrob (UZB)
2) KHIMMATOV Sardor (UZB)
3) ERKAEV Sirush (TJK)
3) DJUMASHEV Dastan (KGZ)

Муҳаммад Юсуфзода (-66кг) дар чорякниҳоӣ бар варзишгари мизбон – Умар Ал Ноуар дар 27 сония бо иҷрои “тсурикоми гоши” ғолиб гашт.

Мутаассифона, дар нимниҳоӣ аз ҷудокори Қазоқистон Акбар Алтай бо “иппон” (сэое нагэ) шикаст хурд.
Дар рақобат барои медали биринҷӣ бо ҷудочии Қирғизистон – Нурсултан Шамсиев даст ба гиребон шуд. Дар дақиқаи дуюми нерусанҷӣ ҷудокори тоҷик пас аз иҷрои зидиусул ҳарифро ба замин зада, тавонист ӯро дар ҳолати “осаекоми” нигаҳ дорад ва ғолиби ин рақобат гардад. Барои Муҳаммад Юсуфзода ин аввалин медал аз мусобиқаҳои байналмилалӣ маҳсуб мешавад.

Final results -66kg:
1) TOJIEV Elbek (UZB)
2) ALTAY Akbar (KAZ)
3) YUSUFZODA Muhammad (TJK)
3) LEE Hyeonseung (KOR)


Фардо Сунатулло МУСОЕВ (-73KG), Сомонӣ КИШВАРОВ (-90KG) ва Парвиз АБДУРАҲМОНОВ (+90KG) вориди майдони рақобат хоҳанд шуд.