Парвиз Абдураҳмонов – барандаи медали нуқраи Қаҳрамонии Осиё-Уқёнусия байни наврасон 2021

Дар шаҳри Бейрути Лубнон Чемпионати Осиё-Уқёнусия байни наврасон (ASIA OCEANIA CADET & JUNIOR JUDO CHAMPIONSHIPS 2021) ба анҷом расид.

Дар охирин рӯзи мусобиқа Тоҷикистонро Сунатулло МУСОЕВ (-73kg), Сомонӣ КИШВАРОВ (-90kg) ва Парвиз АБДУРАҲМОНОВ (+90kg) муаррифӣ карданд.

Сунатулло Мусоев (-60kg) рақобатро аз чорякниҳоӣ муқобили ҷудокори Кореяи Ҷанубӣ Сонг Донгҳюн оғоз кард. Мутаассифона, дар ин рақобат ҷудочии навраси тоҷик ноком шуд.

Дар даври тассалобахши якум бар варзишгари Муғулистон Баасандорҷ Лхагвадорҷ пирӯз шуд, вале дар даври дуюми тассалобахш аз Макс Митей Лаишрами ҳинду шикаст хурд ва аз ҳаққи мубориза барои нишони биринҷиӣ бенасиб монд.

Сомонӣ Кишваров (-90кг), ки нерусанҷиро аз чорякниҳои муқобили ҷудокори Қазоқистон - Багжан Байтас оғоз кард, бо як «ваза-ари» аз ҳарифаш дучори шикаст шуд. Дар даври тассалобахш бо сабабҳои номуайян ба рӯи татами ҳозир нагардид ва аз ҷониби довар мағлуб дониста шуд.

Парвиз Абдураҳмонов (+90кг) қувваозмоиро аз чорякниҳоӣ муқобили Фарҳод Алтувайҷрӣ аз Кувайт шурӯъ кард. Ҷудокори тоҷик дар 13 сония ҳарифро бо иҷрои моҳиронаи усули «ура нагэ» ба паҳлӯ зад ва як имтиёзи «ваза-ари» касб намуд. Пас аз гузашти як дақиқа Абдураҳмонов бо иҷрои «учимата» рақобатро ба бахши «не ваза» гузаронид ва бо «иппон» (осаекоми) ғалабаро ба даст овард.

Дар ниманиҳоӣ бо «иппон» бар ҷудочии Қазоқистон – Дамир Ахет пирӯз шуд ва ба финали мусобиқа роҳ ёфт.

Дар рақобати шадиди ҳалкунанда бо варзишгари Кореяи Ҷанубӣ - Синҷу ҲАН даст ба гиребон шуд. Абдураҳмонов дар сонияҳои аввали рақобат пас аз як ҳамлаи муваффақ тавонист бо «о сото гари» аз ҳариф як имтиёзи «ваза-ари» ситонад, вале пас аз гузашти як дақиқа ҷудокори Корея дар як зидиусул бо «ура наге» Парвизро ба тахтаи пушт зад ва бо «иппон» ғолиби ин рақобат гашт. Ҳамин тариқ Парвиз Абдураҳмонов сазовори медали нуқраи вазни +90 кг гардид.
Final results +90kg:
1) HAN Seungju (KOR)
2) ABDURAKHMONOV Parviz (TJK)
3) ISLOMOV Abbos (UZB)
3) SATTAROV Kydyrshaa (KGZ


Зимнан ин сеюмин медали тими Тоҷикистон дар ин мусобиқа маҳсуб меёбад. Дар нахустин рӯзи мусобиқа Сируш Эркаев (-60кг) ва Муҳаммад Юсуфзода (-66кг) нишонаҳои биринҷиро ба даст оварданд.