Ду нишони биринҷии ҷудокорони ҷавон аз рӯзи якуми Чемпионати Осиё-Уқёнусия-2021

Дар пойтахти Лубнон – шаҳри Бейрут Чемпионати Осиё-Уқёнусия байни ҷавонон (Asia-Oceania Junior Championships) ҷараён дорад. Дар рӯзи якуми мусобиқаи ҷудокорони тоҷик ду нишони биринҷӣ ба даст оварданд.

Абубакр Шеров (-66кг), ки рақобатро аз даври дуюм муқобили Аҳмад Алфроу аз Иордания оғоз кард, бе мушкили бар ҳарифаш бо ду “ваза-ари” пирӯз шуд.

Дар чорякниҳоӣ низ бо ду «ваза-ари» - ин навбат бар варзишгари Қирғизистон – Эрбол Абасбеков дастболо шуд ва ба нимниҳоӣ роҳ ёфт.


Мутаассифона, дар даври ниманиҳоӣ аз ҷудокори Кореяи Ҷанубӣ – Ан Ҷе Ҳон дар “голден скор” бо дарёфти сеюмин “шидо” мағлуб шуд.


Дар мубориза барои нишони биринҷӣ Абубакр бо ҷудокори дигари тоҷик – Хурсандқул Куганов, ки чанде пеш ғолиби Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ гашта буд, вориди майдон шуд. Дар дақикаи якуми қувваозмоӣ Шеров пас аз як ҳамлаи муваффақ рақибро бо “коучи гари” ба тахтапушт зад ва бо баҳогузории “иппон” ғолиб ва барандаи медали биринҷӣ гардид.

Хурсандқул Куганов (-66кг) дар даври аввал аз намояндаи Ӯзбекистон – Шавкат Саидқулов шикаст хурд.

Дар даври тассалобахши якум варзишгари мизбон – Ҳаддад Ҷоеро дар сонияҳои охири рақобат бо иҷрои зебои усули “утсури гоши” ноком кард ва ба даври дуюми тассалобахш баромад.


Дар ин давр Куганов бо ҷудочии қирғиз – Имтиязулло Алиев зӯрозмоӣ кард. Қувваозмоии ҷудокорон пуршиддат сурат гирифта, варзишгари Қирғизистон дар сонияҳои аввали рақобат дар бахши “не ваза” муваффақ шуд ва соҳиби як имтиёзи “ваза ари” гашт. Аммо Хурсандқул талошҳояшро идома дода, ниҳоятан 20 сония монда ба анҷоми нерусанҷӣ бо иҷрои “аши гурума” ҳарифро ба паҳлӯ зад ва ҳисоби имтиёзҳоро баробар кард. Дар “голден скор” ҷудокори тоҷик боз ҳам бо иҷрои олии “утсури гоши” рақибро шикаст дод ва ба даври навбатӣ роҳ ёфт.


Дар мубориза барои нишони биринҷӣ аз Абубакр Шеров мағлуб шуд ва дар зинаи панҷум қарор гирифт.


Муҳаммадиқбол Тошов (-73кг) дар нахустин рақобаташ аз варзишраги қирғиз - Нурсалим Иличбеки дар “голден скор” бо дарёфти сеюмин “шидо” мағлуб шуд.

Масъуди Аҳмадзод (-73кг) дар даври аввал бо намояндаи Сурия – Ҳасан Баян рӯ ба рӯ шуд. Ҷудокори тоҷик пас аз як ҳамла тавонист рақобатро ба бахши “не ваза” гузаронад ва бо усули буғӣ кардан ғалаба ба даст орад.

Дар чорякниҳоӣ Масъуд бо варзишгари Қазоқистон – Естай Серикбол даст ба гиребон шуд. Дар вақти асосии рақобат ҷудокорон ғолибро муайян карда натавонистанд. Ниҳоятан дар “голден скор” Аҳмадзод дар бахши кор дар замин (не ваза) зиддиусулеро анҷом дод ва соҳиби “ваза-ари”-и ғалабаовар гашт.


Мутаассифона, дар нимниҳоӣ аз ҷудокори ботаҷрибаи Кореяи Ҷанубӣ, қаҳрамони Чемпионати Осиё-Уқёнусия-2019 – Ийнгал Лӣ мағлуб шуд.


Дар рақобат барои нишони биринҷӣ бо Нурсалим Иличбек аз Қирғизистон даст ба гиребон шуд. Масъуд дар 20 сония тавонист аз ҳариф бо “осото гари” як “ваза-ари” ситонад. Ниҳоятан дар дақиқаи охири рақобат бо иҷрои “де аши барай” ҳарифро мағлуб кард ва барандаи медали биринҷии мусобиқа гашт.


Зимнан дар рӯзи ниҳоии ин мусобиқот чор варзишгари дигари тоҷик Муҳаммадҷон Абдуҷалилов, Шодмон Ризоев (ҳарду -81кг), Раҳматулло Мирзоев (-90KG), Мансур Раҳмон (-100KG) ва Давлатҷон Назриев (+100KG) барои дарёфти медалҳои ин мусобиқа талош хоҳанд кард.