Истиқболи ҷудокорони наврасу ҷавон дар фурудгоҳи Душанбе

Ҷудокорони наврасу ҷавони тоҷик аз Чемпионати Осиё-Уқёнусия дар шаҳри Бейрути Лубнон бо дасти пур ба ватан бозгаштанд.

Дар ин мусобиқа наврасон бо се нишон ва ҷавонон бо панҷ нишон сарфароз гардиданд. Қобили зикр аст, дар охирин рӯзи мусобиқа давр вазни то 81 кг ду варзишгари тоҷик ба рақобати ниҳоӣ баромада дар ниҳоят  Шодмон Ризоев парчами моро дар садри парчамҳо қарор дода Суруди миллии Тоҷикистон садо дод.

Дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе муаррифгарони меҳан аз сӯи масъулони соҳа ва мухлисон мавриди истиқболи гарм қарор гирифтанд.