Бошгоҳҳои ҷудо дар «Лигаи Аврупо» неру месанҷанд

Шаҳри Прага мизбони «Лигаи Аврупо» миёни бошгоҳҳои ҷудо мегардад. Аз 11 декабр дар пойтахти Чехия бошгоҳҳои ҷудои қораи Аврупо, ки ба рақобатҳои Лигаи Қаҳрамонон роҳ наёфтанд, оғоз мешавад.

Аввалин мусобиқаи бошгоҳӣ дар Аврупо соли 1960 баргузор шуда он замон Ҷоми Аврупо ном дошт. Номовартарин дастаи ин мусобиқаи байналмилалӣ  то кунун бошгоҳи “Явара-Нева” аз кишвари Русия маҳсуб мешавад. Мардони ин даста 9 бор ва бонувонаш 3 бор ғолиби ин мусобиқаи аврупоӣ гардиданд.

Зимнан ду дафъаи охир соли 2018 дар Руминия ва соли 2019 дар Португалия Иттиҳодияи ҷудои Аврупо рақобатҳои Лигаи қаҳрамонон (Лигаи тиллоӣ) ва Лигаи Аврупоро ҳамзамон ва дар чорчӯби як мусобиқа  баргузор карда буд. Он замон як рӯзро ба беҳтаринҳои Лигаи Қаҳрамонон ва як рӯзро барои чемпионати бошгоҳии Лигаи Аврупо ихтисос дода буд. Ҳамакнун дар соли 2021 ин Иттиҳодия дубора ин мусобиқаҳоро ҷудогона доир менамояд.

Рӯзи 11-уми декабр беҳтарин бошгоҳҳо дар Лигаи Қаҳрамонони Аврупо дар Париж ва бошгоҳҳои Лигаи Аврупо дар шаҳри Прага неру месанҷанд.

Аз кишвари Россия дар мусобиқаи бошгоҳии қоравии Аврупо чор бошгоҳ  бо дастаҳои мардона ва занона иштирок мекунанд, ки дар қатори ситораҳои ҷудои рус – Тамерлан Башаев, Нияз Билалов, Ренат Саидов ҳамчунин легионерон - Сомон Маҳмадбеков (Тоҷикистон) ва Ҳидоят Ҳайдаров (Озарбойҷон) низ ҳузур доранд. Сомон дар ҳайати дастаи "Урал-Сибири ғарбӣ" ба нерусанҷӣ мепардозад. Инчунин дастаи Сомонро Арам Григорян, Абдула Абдулжалилов, Валерий Ендовицкий, Даря Курбонмамадова ва Ксения Галицкая муаррифӣ мекунанд.

Дар Лигаи Аврупо ҳамчунин бошгоҳҳои  «Спартаковетс» ва «Дзюдо-Днепр» аз Украина,  «УСК Прага» ва «Брно» аз Чехия,  «Динамо-Бухарест» аз Руминия, «Омладинетс» аз Сербия ва бошгоҳҳои фаронсавӣ  «Доджо Бегле», «Сен-Женевйев», «Пари Сен-Жермен» ва «Блан Меснил» иштирок менамоянд. 

Рақобатҳои Лигаи Аврупо оид ба ҷудо дар Чехия 20 ҳазор евро мукофоти пули дошта дар майдони “Спарта” доир мешаванд.


Мусобиқа дар сомонаи https://live.ijf.org/ мустақиман пахш мешавад. Оғози рақобатҳои муқаддамотӣ – соати 14:00, финалӣ – 20:00 (вақти Душанбе) дар назар аст.