Семинари омӯзишӣ доир ба қоидаҳои нави ҷудо барои солҳои 2022-2024 баргузор гардид

Дар толори маҷлисгоҳи Академияи воситаҳои ахбори омма семинари омӯзишӣ барои доварону мураббиёни ҷудо баргузор шуд.

Иштирокчиён дар ин семинар бо қоидаҳои нави ҷудо барои солҳои 2022-2024 ошно шуданд. Семинар ба таври интерактивӣ ҷарайён гирифта, бо истифода аз видеонаворҳо ҳар амали варзишгар, довар ва мураббӣ мавриди баррасӣ ва таҳлили ҳозирин гардид.

Сӯҳроб Раҳимов - директори генералии Федератсияи ҷудои Тоҷикистон, Муҳаммадмурод Абдураҳмонов (сармураббии мунтахаби ҷудои кишвар) ва Фарҳод Раҳматуллоев (раиси комиссияи доварон) омӯзишҳои лозимро барои доварону мураббиён ироя доданд.

Ҳамчунин дар семинар дар хусуси баланд бардоштани маърифатнокии ҷудокорон, сатҳу сифати баргузории мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва ташкили раддабандии асосии ҷудокорони кишвар сухан рафт.

Федератсияи байналмилалӣ  ҷудо ҷиҳати баргузории рақобатҳои ҷолибтару одилонатар дар Бозиҳои олимпии тобистонаи Париж-2024 қоидаҳои навро таҳия намудааст.  Умед аст, донистани қоидаҳои нав роҳи ҷудокорони тоҷикро ба мусобиқаҳои байналмилалӣ ва талош барои нишонҳои Бозиҳои олимпӣ ҳамвортар хоҳад кард.