Медали навбатии Темур Раҳимов аз сабқатҳои Grand Slam

Дар шаҳри Анталяи Туркия мусобиқаи бонуфузи Antalya Grand Slam 2022 ба анҷом расид. Дар мусоқиботи мазкур  ҷудокори сангинвазни тоҷик - Темур Раҳимов дар вазни +100кг барандаи нишони биринҷӣ гардид.

Тоҷикистонро дар рӯзи охири мусобиқот чаҳор нафар ҷудокор: Ҷаҳонгир Маҷидов, Комроншоҳ Устопириён (ҳарду -90кг), Абубакри Акобир (-100кг) ва Темур Раҳимов муаррифӣ карданд.

Ҷаҳонгир Маҷидов дар даври аввал озод буда, рақобатор аз даври дуюм муқобили ҷудочии Булғористон – Ивайло Иванов оғоз кард. Мутаассифона, Маҷидов дар «голден скор» бо «иппон» мағлуб шуд ва аз ҳаққи идомаи мубориза маҳрум гардид.

Комроншоҳ Устопириён  дар даври якум озод буда, дар даври дуюм рақобати шадид бо ҷудокори Озарбойҷон – Руфат Исмайлов анҷом дод. Пас аз гузашти як дақиқа варзишгари ҷавони озарӣ тавонист аз Комроншоҳ як «ваза-ари» ситонад, аммо 20 сония монда ба анҷоми нерусанҷӣ Устопириён тавонист бо истифода аз зиддиусуле як имтиёзи «ваза-ари» касб кунад ва ҳамчунон рақибро дар ҳолати «осаекоми» нигоҳ дорад ва ғолиби ин рақобат гардад.
Дар даври сеюм Комроншоҳ бо Давид Кламмерт аз Чехия вориди майдони рақобат шуд. Як дақиқа монда ба анҷоми нерусанҷӣ Комроншоҳ бо иҷрои «сэои нагэ» имтиёзи «ваза-ари» ба даст овард ва онро то охир ҳифз намуда, ғолиби қувваозмоӣ гашт.

Мутаассифона, Устопириён дар чорякниҳоӣ аз ҷудокори маъруфи гурҷӣ – Лука Майсурадзе ва дар даври тассалобахш аз варзишгари Канада - Луис Крёбер Гагнон шикаст хӯрд ва аз идомаи сабқат маҳрум гардид.


Final Results -90kg

1. SILVA MORALES Ivan Felipe (CUB)
2. MAISURADZE Luka (GEO)
3. TOTH Krisztian (HUN)
3. MACEDO Rafael (BRA)
5. SMINK Jesper (NED)
5. KRIEBER GAGNON Louis (CAN)
7. USTOPIRIYON Komronshokh (TJK)
7. KOCHMAN Li (ISR)


Абубакри Акобир рақобатро аз даври дуюм муқобили Матиас Мэдсен аз Дания шурӯъ кард. Абубакр дар дақиқаи дуюми нерусанҷӣ тавонист бо «коу чи гари» аз ҳариф як «ваза-ари» ситонад, вале Мэдсен пас аз гузашти 30 сония бо иҷрои «тсурикоми гоши” касби имтиёзи «ваза-ари» кард ва дар идома Абубакрро дар ҳолати «осаекоми» нигаҳ дошт ва ғалабаро ба даст овард.
Темур Раҳимов дар даври аввал озод буда, дар даври дуюм бо Грегори Прайор аз ИМА андари майдони рақобат шуд. Раҳимов дар дақиқаи якуми рақобат бо иҷрои «де аши барай» имтиёзи «ваза-ари» касб намуд ва дар идома рақибро дар ҳолати «осаекоми» нигоҳ дошт ва ғолиби ин рақобат гардид.
Дар даври сеюм Темур дар муқобили Магомедомар Магомедомаров аз Имороти Муттаҳидаи Араб қарор гирифт. Ду варзишгар дар вақти асосӣ имтиёзе аз ҳамдигар касб накарданд ва ҳамин тариқ вақт ба «голден скор» кашида шуд. Дар «вақти тиллоӣ» Темур бо иҷрои «осото гари» бар ҳариф пирӯз гашт ва ба чорякниҳоӣ роҳ ёфт.

Мутаассифона, Раҳимов дар чорякниҳоӣ аз ҷудочии Маҷористон Ричард Сипоч бо дарёфти се «шидо» дар «голден скор» мағлуб шуд.


Дар даври тассалобахш Темур бар Ушанги Кокаурии озарӣ пирӯз гашт ва ба даври ниҳоии мусобиқа роҳ ёфт.

Дар мубориза барои касби нишони биринҷӣ  ҷудокори маъруфи тоҷик бо Ҷосеф Терҳек аз Фаронса майдондорӣ кард. Дар дақиқаи дуюми рақобат Темур ҳарифро бо иҷрои зебои «учимата» шикаст дод ва барандаи медали биринҷии мусобиқа гашт.

Final Results +100kg

1. TUSHISHVILI Guram (GEO)
2. YUSUPOV Alisher (UZB)
3. RAKHIMOV Temur (TJK)
3. GRANDA Andy (CUB)
5. TERHEC Joseph (FRA)
5. SIPOCZ Richard (HUN)
7. KOKAURI Ushangi (AZE)
7. TUROBOYEV Utkirbek (UZB)


Дар корномаи Темур ин чорумин медал аз сабқатҳои Гранд Слэм маҳсуб мешавад. Қаблан, ӯ дар Baku Grand Slam 2021 сазовори нишони нуқра, дар Abu Dhabi Grand Slam 2021 ва Tel Aviv Grand Slam 2022 сазовори нишони биринҷӣ гашта буд.