Носир Бозор сармураббии мунтахаби ҷудои бонувони Тоҷикистон таъйин гардид

Носир Бозор, устоди шоистаи варзиши Тоҷикистон ба вазифаи сармураббии дастаи мунтахаби ҷудои бонувони кишвар таъйин шуд.

Носир Бозор соли 1957 дар деҳаи Шаҳри Барбари ноҳияи Шамсиддини Шоҳин таваллуд шудааст. Хатмкунандаи Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Кулоб ва Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон мебошад. Устоди варзиши дараҷаи байнанмилалӣ аз намуди гуштини самбо ва ҷудо, дорандаи литсензияи дараҷаи байналмилалии «А», устоди шоистаи варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад.

Ӯ ҳамчунин Президенти Федератсияи кураши Тоҷикистон ва сармураббии тими мунтахаби самбои меҳан мебошад.


Лозим ба зикр аст, то кунун Муҳаммадмурод Абдураҳмонов сармураббии мунтахаби кишвар буда, аз ин пас ӯ сармураббии мардон ва Носир Бозор сармураббии бонувон хоҳад буд.